16-уми апрели соли ҷорӣ дар бинои асосии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо иштироки Раиси Раёсат муҳтарам Икромӣ С.С., муовинони Раиси Раёсат Сайфзода Ш. Ҷ., Ризвонзода Ф.З., роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии БДА ҶТ “Амонатбонк” ва мудирони филиалҳои Бонк аз натиҷаи фаъолияти БДА ҶТ “Амонатбонк” дар семоҳаи якуми соли 2022 натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласа ҳамчунин мудири бахши молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саттор Бобоҷон, муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Бонк Наимӣ А.Қ., муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Амонатбонк Сафарзода Р.С., ва сардори идораи бозрасии бонкҳои Бонки миллии Тоҷикистон Тухтаров Д.М. ҳузур доштанд.
Дар оғози ҷаласа нахуст муовини Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» муҳтарам Сайфзода Ш.Ҷ . оид ба натиҷаи фаъолияти Амонатбонк дар семоҳаи якуми соли 2022 баромад намуданд.
Қайд гардид, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ Бонк тамоми сайъу кӯшиши худро баҳри татбиқи босамари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар паёми навбатӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки фаъолияи соҳа барои соли 2022 равона намуда, дар ҳаҷми 18,4 млн. сомонӣ даромади соф ба даст овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 32% зиёд мебошад.
Бонк бо мақсади саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи фаъолияти худ ба андозаи 17 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети давлат пардохт намуд.
Ҳаҷми сармояи Бонк дар семоҳаи якуми соли 2022 ба 594,2 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 25,9% зиёд мебошад.
Дороиҳои Бонк маблағи 5,1 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки ҳиссаи асосии онро дороиҳои даромаднок (40,4%) ва дороиҳои пардохтпазир (40%) ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, сандуқи қарзии Бонк 53,5%-и дороиҳои даромадноки Бонкро ташкил намуда истодааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 31,6 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Амонатбонк ҷиҳати саҳмгузории назаррас дар низоми бонкӣ дар 5 соли оянда тавассути пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат, инчунин бо дарназардошти эълон шудани солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» ва аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, дар самти ҳамасола зиёд намудани ҳиссаи қарздиҳӣ ва дар ин замина мусоидат ба таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.
Бонк ба ҳолати 31 марти соли 2022 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 16 ҳазор муштарӣ 342 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми қарздиҳӣ 43,8% зиёд гардидааст.
Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 22,3%, кишоварзӣ 27,3%, истеъмолӣ 28,3%, сохтмон 3%, тиҷорат 17,9% нақлиёт 0,4% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 0,8% рост меояд.
Сатҳи баланди пардохтпазирӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосии устуворӣ ва эътимоднокӣ ба ҳисоб меравад. Иҷроиши ин нишондиҳанда дар Амонатбонк дар сатҳи баланд таъмин аст ва натиҷа ин аст, ки шумораи пасандозгузорон дар Бонк наздики 1,6 млн. нафар расидааст.
Дар давоми ҷаласа мудирони филиалҳои Амонатбонк оиди фаъолияти хеш дар семоҳаи якуми соли 2022 ҳисобот дода, оид ба мавзӯъҳои соҳавӣ суолу ҷавоб сурат гирифт.
Дар хотимаи ҷаласа се филиали Амонатбонк барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбии иқтисодӣ, афзун намудани нишондиҳандаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали ҷорӣ ҳамчун “Филиали беҳтарин” дониста шуда бо ҷоиза сарфароз гардиданд.
Чунончӣ филиали №66 ноҳияи Файзобод сазовори ҷои якум , филиали №40 ноҳияи Шаҳристон ҷои дуюм ва филиали №8 шаҳри Норак сазовори ҷои сеюм гардиданд.