Бонки авруопии бозсозӣ ва рушд (БАБР) ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бо мурури замон арзиши қувваи барқро ба тартиб дарорад.

БАБР дар ҳисоботи нави худ дар нисбати Тоҷикистон қайд кардааст, ки нархномаи қувваи барқ дар ҷумҳурӣ бояд «бо мурури замон ба тартиб дароварда шавад» ва дар ин баробар масъалаҳои иҷтимоии марбута бояд ҳал шаванд.

Манзур, ин бонк ба ҳукумати кишвар маслиҳат медиҳад, ки бо мурури замон арзиши нархномаи қувваи барқ бояд афзун карда шавад ва дар баробари ин тавсия медиҳад, ки барои истифодабарандагони қишри камбизоат сарчашмаҳои ёрипулӣ пайдо карда шавад.

Ҳанӯз соли 2012 Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки бо мурур нархи қувваи барқро барои истифодабарандагони хонагӣ «бо мақсади ташвиқи такмили масрафи энергия» то 3,5 сент афзун кунад. Айни замон аҳолӣ барои ҳар киловатт нерӯи барқ тақрибан 2 сент пардохт мекунад. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь