Нарх дар хидматрасонии таксиҳои фармоишӣ дар Душанбе расман тағйир кардааст ва акнун гаронтар шудааст. Дар ин бора ОИ «АП» аз қавли манбаи худ аз Хадамоти зиддиинҳисории кишвар хабар дод.

Ба иттилои ин расона, акнун тай кардани то 3 км бо таксӣ 15 сомонӣ нарх хоҳад дошт. Пештар мусофирон барои ҳамин масофа 10 сомонӣ пардохт мекарданд. Пас аз ин, 1 километри роҳ, ки пештар 2,5 сомонӣ буд, 3 сомонӣ ҳисоб карда мешавад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, чанде рӯз пеш, ҳамаи ширкатҳои хизматрасонии таксӣ нархи навро бо онҳо мувофиқа кардаанд ва Хадамоти зиддинҳисорӣ иҷозат додааст.

– Нархҳои нав дар пасманзари гарон шудани нархи газу бензин дар кишвар амалӣ шуд, чунки нархи пештара хароҷоти таксиҳоро намепӯшонд, – гуфтаанд аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь