Намояндаи махсуси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Довуд Набар ба он назар аст, ки Аврупо натавонист мавҷи дуюми коронавирусро пешгирӣ кунад. Ӯ гуфтааст, ки дар оғози соли 2021 мавҷи сеюм каронавирус дар Аврупо оғоз хоҳад шуд.
“Аксуламали аврупоиён нопурра буд. Онҳо имкони сохтани инфрасохтори заруриро дар моҳҳои гарм аз даст доданд. Агар онҳо ҳозир инфрасохтори заруриро насозанд, мавҷи сеюми каронавирус ба онҳо таҳдид хоҳад кард”, – гуфтааст Набар ба нашрияи швейсариягии CH Media.
Вай қайд кардааст, ки вазифаи асосии давлатҳои Аврупо ин назорати вируси паҳншуда мебошад.
Довуд Набар ба ин нукта тамаркуз кард, ки вазъияти коронавирус дар Осиёи Шарқӣ бино ба туфайли робитаи хеле возеҳ байни мақомот ва аҳолӣ беҳтар шудааст. Инчунин, вай қайд кардаас,т ки давлатҳои Осиё баъди кам шудани беморӣ дар ин кишварҳо чораҳои бехатариро заиф накардаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Аврупо бино бо сабаби зуд паҳн шудани каронавирус бори дигар маҳдудиятҳои шадидро роҳандозӣ мекунанд, вале ҷомеаи аврупоӣ эътироз мекунад.
Гулрӯ Суҳробзода