Ба дунёгир шудани COVID-19 нигоҳ накарда, толори Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз бинанда қариб пур буд, ки ҳама моски тиббӣ доштанд. Кормандон аҳли толорро бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ҷо ба ҷо мекарданд. Баъди чанд дақиқа парда аз рӯйи намоишномаи “Ишқи Ватан”, ки бахшида ба 75-умин солгарди иди “Ғалаба” ва бузургдошти шоири маҳбуб Ҳабиб Юсуфӣ таҳия шудааст, бардошта шуд.
Гусел шудани ҷавонон ба ҷанг, рафти муҳорибаҳои тезутунд, ёди симои модар, мактубхониҳои ҷанговарон, ишқварзӣ, васфи зебоиҳои ватан, тир хӯрдани Ҳабиб Юсуфӣ лаҳзаҳои таъсирпазири намоишнома буданд.
Дар нахуснамоиш ҳунармандони номӣ Марям Исоева, Обидҷон Назаров ва Лутфулло Давлатов низ тамошобин буданд. Баъди фарҷоми намоишнома назари Марям Исоева, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дар бораи намоишнома пурсон шудем. Ин дам ӯро як гурӯҳ донишҷӯён миёнагир карда буданд. Вай бо меҳри модарона: “Наздик биёед, бачаҳоям, бо шумо як суҳбати озод кунам”, – гуфта донишҷӯёнро ба назди худ хонд. Ҳама ба ҳунарпеша гӯш андохтем.
– Ягон корро наметавонед бе дӯст доштан ба сомон расонед. Агар ҳунарпешаи театр ҳам мисли дигар одамони соҳибҳунар рисолаташро ба хубӣ иҷро карда тавонад, пас ӯ ҳунарманди ҳақиқӣ аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки одам бояд як умр аз худ талаб кунад. Ман ситора нагӯяд. Дар давраи ҷавонии мо “ман” – гуфтан аз ҳама гапи бад буд. Мо аз танқид наметарсидем. Аз танқид ғалатҳоямонро фаҳмида, ислоҳ мешудем, – гуфт ҳуннарпеша дар сароғози суҳбат.
– Таърихро дигар карда намешавад. Ҳабиб Юсуфӣ зан дошт. Ӯ аз хандақ ба занаш нома менависад. Дар саҳнаи ишқварзии шоиру духтарак каме ба хатоӣ роҳ додаанд. Бояд худи духтарак мегуфт, ки ба шоир ошиқ шудааст. Сонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ бояд ҷавоб медод: “Ман дар Тоҷикистон зану фарзанд дорам”. Модари шоирро ҳам дар саҳнаи алоҳида нишон надоданд. Дар 2-3 ҷои бозии ҳунармандон самимият буд. Самимят дар онҳо кам буд. Агар ҳунармандону коргардонҳои ҷавон бисёртар кор кунанд, натиҷа ҳам хуб хоҳад шуд, – ба намоишномаи “Ишқи Ватан” баҳо дод Марям Исоева.
Боймурод Ҳайтов, ҳунарманди ҷавони театр, ки дар намоишнома нақши сарбоз – Сашаро мебозид, гуфт, ки намоишномаро 2 моҳ қабл аз оламгир шудани коронавирус дар коргардонии Баҳром Қурбонзода рӯйи саҳна овардаанд.
– Бозии мо дар кадом сатҳ буд, бинандаҳо гуфта метавонанд. Аслан, ҳунармандон баъд аз нахустнамоиш баъзе камбудиҳоро мефаҳманд. Ба мо акаи Насриддин Асадуллоев, ки нақши Ҳабиб Юсуфиро мебозид, бисёр ёрӣ расонд. Намоишнома 6 моҳ пеш рӯйи саҳна омада буд, аммо бо сабаби оламгир шудани коронавирус намоиши он мавқуф гузошта шуд. Дар тӯли як ҳафтаи охир мо онро аз нав эҳё карда, ба бинандаҳо расондем. Дар рӯзҳои дигари намоиш ҳаракат мекунем, ки ба дили тамошобин бештар роҳ ёбем, – афзуд ҳунарманди ҷавон Боймурод Ҳайитов.
Марям Исоева ба ҷамъи ҳунаврмандони ҷавон ва донишҷӯёне, ки ӯро дар пардозхона иҳота карда буданд, тавфиқ хоста, дуои сабз дод.