Ҷайҳун (Ҷеймс) Насимӣ муаллифи сенария ва иҷрокунандаи нақши аввали филми “Шикастнопазир” (англ. «Unfallen», русӣ “Непобеждённый”) аст, ки филми якуми тоҷикон дар Ҳолливуд ба шумор меравад. Сармоягузори ин филм соҳибкори тоҷик Сироҷиддин Мирзоев аст, ки дар Лос Анҷелес фаъолият мекунад. Насимӣ ва Мирзоев продюссерҳои ин филм низ ба ҳисоб мераванд.
Филм дар бораи ду бародари дугоник аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳам ҷудо мешаванд ва баьд аз чандин сол ҳамдигарро дар ҷанги нав дучор мешаванд. Дар ин ҷанг яке сарбози амрикоӣ асту дигаре ҷангҷуйи гурӯҳи Толибон.
Нахустнамоиш ин филм дар Ҳолливуд рӯзи 30 июни соли ҷорӣ баргузор шуда буд. Инак, филм ба Тоҷикистон ҳам омадааст. Ҷеймс Насимӣ хабар дод, ки рӯзи шанбеи 28-и октябр соати 20:20 дар Душанбе, дар кинотеатри Кайҳон (воқеъ дар маркази савдои «Ашан»), нахустнамоиши ин филм дар Тоҷикистон баргузор мегардад.