20-уми ноябр дар Академияи ВАО-и Тоҷикистон вохӯрии  донишҷӯён ва омӯзгорони факултету шуъбаҳои журналистика ва кормандони васоити ахбори Тоҷикистон бо аввалин наттоқи телевизиони тоҷик, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Рафоат Абдусаломова баргузор гардид.

Ҷамъомадро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода бо ёдоварӣ аз фаъолияти наттоқи нахустин дар телевизиони тоҷик оғоз кард. Ӯ зикр кардд, ки муассисаи давлатии Академияи ВАО-и Тоҷикистон баҳри ташаккулу такмили таҷрибаи донишҷӯёни риштаи журналистика лоиҳаи “Мактаби таҷрибаҳо”-ро роҳандозӣ кардааст. Дар доираи он собиқадорон ва пешқадамони ин соҳа вохӯриҳо гузаронида, аз роҳҳои тайкардаи хеш, мушкиливу норасоиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо суҳбат меороянд ва ба журналистони оянда маслиҳатҳо медиҳанд.

Сипас, Рафоат Абдусаломова аз таърихи пайдоиши аввалин телевизиони тоҷик ва пахши нахустин барномаи санҷишӣ бо забони тоҷикӣ дар 3 – юми октябри соли 1959 ёдовар шуд. Ӯ, аз ҷумла зикр кард, ки телевизиони тоҷик дар шароите арзи ҳастӣ кард, ки дар собиқ Тоҷикистони шӯравӣ  ягон мутахассиси ин соҳа набуд. Барои рушди телевизиони тоҷик мутахассисон аз кишварҳои собиқ ИҶШС ҷалб шуда буданд ва бо гузашти замон аз худи Тоҷикистон низ кадрҳои касбӣ тарбия ёфта, саҳми худро дар пешрафти ин соҳа гузоштанд.

Дар рафти суҳбат Рафоат Абдусаломова ба саволҳои ҳозирин аз фаъолияти наттоқӣ, таҳияи барномаҳои телевизионӣ ва мушкиливу норасоиҳои он давра посухҳои мушаххас дод ва ба саволдиҳандагон китобҳояшро ҳадя кард.

Рафоат Абдусаломова, нахустин наттоқи телевизиони тоҷик 10 – уми марти соли 1939 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст. Ӯ соли 1963 факултети филологияи  Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) – ро хатм кардааст. Аз соли 1961 (45 сол) дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шуъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияи эҷодӣ кор карда, баҳри рушдукамоли телевизиони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Рафоат Абдусаломова дар таҳияи барномаҳои телевизионии “Дугонаҳо”, “Гулдаста”, “Ватан ва фарзандон”, “Муҳаббат ва оила”, “Гулдухтарон”, “Дилафрӯз” ва ғайра саҳм гузоштааст.

Дар охир Зиннатуллоҳ Исмоилзода аз ҳозирин барои иштироки фаъолонаашон қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки фаъолияти Рафоат Абдусаломова худ мактаби наттоқиву журналистист ва моро месазад, ки ба он пайравӣ кунем, то навовару эҷодкор бошем.

Шодмон Кенҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь