Дар Ботканд музокироти намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон оғоз ёфт.

Музокироти рӯбарӯи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев сурат гирифтааст.

Дар мулоқот фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раисони вилоятҳои Суғду Бодканд ва дигар шахсони расмӣ низ ширкат доранд.

Мавриди зикр аст, ки шоми 27 январ дар чорроҳаи Зарафшон ва маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара миёни марзбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад.

Бар асари муноқишаи марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд, ки аз ин шумора 6 нафар низомиён ва 4 нафари дигар ғайринизомиён будаанд. Ба ҷуз Обидҷон Тӯйчиев, дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона Абдулатиф Шарипови 58-сола, ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ бар асари таркиши миномёти ҷониби Қирғизистон, кушта шуд.

Бахтиёр Раҳматуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь