Ҳамза Юсуф, як покистонитабор, ки қаблан мақоми вазири тандурустиро бар уҳда дошт, раҳбари Ҳизби миллии Искотланд (Шотланд, ҲМИ) интихоб шуд. Бо ба даст овардани 52 дарсади овозҳо (ҳамагӣ бештар аз 26 000 нафар аъзои ҳизб) ӯ раёсати давлати миллии минтақавиро бар уҳда хоҳад гирифт.
Дар ин интихобот 70 дарсади раъйдиҳандагон ширкат карданд, хабар медиҳад The Guardian. Вазири молияи Искотланд Кит Форбс ва вазири собиқи амнияти ҷомеа Эш Реган низ ба мақоми раиси ҲМИ даъво карданд. Танҳо Кейт Форбс бо касби 48% овоз ба даври дуюм роҳ ёфт.
Ҳамза Юсуф дар маъракаи пешазинтихоботии худ ваъда дод, ки “мисли одами худаш” роҳбарӣ мекунад ва шакли ошкортари муоширатро бо ҷомеа ташкил мекунад. Вай таъкид кард, ки ҳизб таҳти раҳбарии ӯ барои истиқлолияти минтақа аз Бритониёи Кабир талош хоҳад кард. Вай ҳамчунин доир ба нақшаи баргузории мулоқот бо коршиносон оид ба масъалаи мубориза бо камбизоатӣ бо мақсади баррасии тадбирҳои зарурӣ дар ин самт сухан кард.
ҲМИ ҳизби чапи миёна аст, ки аз истиқлолияти Искотланд аз Бритониёи Кабир ва узвияти минбаъдаи ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо ҳимоят мекунад. Ин ҳизб дар парлумони минтақа бештарин курсиҳо дорад ва дар эътилоф бо сабзҳо аст. Дар мақоми нахуствазири Искотланд қаблан Никола Стерҷен буд. Вай рӯзи 15 феврал истеъфои худро эълон кард ва тавзеҳ дод, ки “вақти дурусти рафтанаш расидааст”. Вай аз соли 2014 инҷониб ҳизбро раҳбарӣ мекард.