Чор муштзани тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни бонувон, ки дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Сумая Қосимова (48 кг), Рӯҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Мижгона Самадова (60 кг) ва Нилуфар Бобоёрова (63 кг) кишвари моро дар ин мусобиқа намояндагӣ хоҳанд кард.

Рақибони варзишгарони тоҷик дар даври аввали мусобиқа муаяйн шуданд. Сумая Қосимова бо Вафо Ҳофси аз Тунис рақобат мекунад. Рӯҳафзо Ҳақназарова бо Дониша Мазиалаган, намояндаи Сингапур, қувва меозмояд. Ҳарифи Миҷгона Самадова намояндаи Туркия Ориф Олтин аст. Нилуфар Бобоёрова бо Де Клиа Меган аз Ҳоланд нерӯ месанҷад.

Бояд гуфт, ки ин 13-умин Чемпионати ҷаҳон миёни бонувон аст. Бори аввал ин мусобиқа соли 2001 дар Амрико баргузор шуда буд. Шаҳри Деҳлии Ҳиндустон бори сеюм ин мусобиқаро мизбонӣ мекунад. Қаблан, солҳои 2006 ва 2018 Чемпионати ҷаҳон дар ҳамин шаҳр доир шуда буд.

Қаҳрамонии ҷаҳон 16 март оғоз шуд ва то 26 март идома мекунад. Дар мусобиқаи мазкур, иштироки беш аз 300 варзишгар аз 65 кишвари олам дар назар аст. Ғолибон ва мақомдорони ин мусобиқа бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд: зинаи якум 100000 доллар, ҷойи дуюм 50000 ва мақоми сеюм 30000 доллар.

Давлати Абдулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь