Футболбозони то 20-солаи тоҷик бо мунтахаби Куриёи Ҷанубӣ натиҷаи 0-0 нишон дода, аз гуруҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё баромада натавонистанд. Бозӣ бо Куриёи Ҷанубӣ рақобати сеюми даври гуруҳӣ ба шумор мерафт ва танҳо ғалаба дар ин бозӣ ба футболбозони тоҷик имкон медод, то ба марҳилаи чорякниҳоӣ роҳ ёбанд.

Дастаи яккачини Тоҷикистон дар бозии аввал аз мунтахаби Урдун шикаст хӯрда, дар дидори дуюм бар дастаи Уммон ғолиб омад. Аз гуруҳи мазкур мунтахабҳои Курёи Ҷанубӣ ва Урдун ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд. Дастаи мо дар умум, 4 имтиёз ба даст оварда, мақоми сеюми ҷадвалро соҳиб шуд. Ҳамакнун, ин мусобиқаи қоравӣ барои мунтахаби Тоҷикистон ба анҷом расид.

Роҳ наёфтани футболбозони тоҷик ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа боиси норизоии ҳаводорони футболи кишвар шуд. Мухлисон аз ин насли футболбозони тоҷик бовар ва умеди зиёд доштанд. Обид Шакурзода, яке аз ҳаводорони футболи меҳан, баъди бохт аз мунтахаби Урдун, мушкилии асосии футболбозони тоҷикро дар костагии кори ситоди мураббиёни даста арзёбӣ намуд:

Дар чанд соли охир мо шоҳиди чунин бозии берабту шабеҳ ба ҳунарнамоии як дастаи кӯчагию ғайриҳирфаии Тоҷикистон нашуда будем.  Дастаи мо бозии ҳадафманду мантиқӣ риоя карда наметавонист. Ин аз костию камбуди дастадорон ва аз нокоромадии ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон, бо сарварии мутахассиси белорусӣ буд. Зангулаи бохти Тоҷикистон ҳанӯз дар дидорҳои дӯстона бо ҷавонони Сурия ба садо даромада буд”.

Бояд гуфт, ки дастаи яккачини то 20-солаи Тоҷикистон чанд рӯз қабл аз Ҷоми Осиё ду бозии дӯстона ва санҷишӣ бо ҳамсолони худ аз Сурия доир намуда, дар ҳарду бозӣ ба бохт рӯ ба рӯ шуд.

Олег Кубарев, сармураббии дастаи яккачини то 20-солаи Тоҷикистон, баъди натиҷаи ғайриқаноатбахш дар мусобиқа вазифаи худро тарк кард. Боқӣ мондани ӯ дар ин вазифа аз натиҷаи хуб нишон додани даста дар Ҷоми Осиё вобастагӣ дошт.

“Ба мухлисони даста ташаккур мегӯем, ки моро дастгирии хуб намуданд. Мутаассифона, дар бозии аввал шикаст хӯрдем ва имкони ба марҳилаи баъдӣ баромаданро аз даст додем. Мо зиёдтар мехостем аз аксулҳуҷумҳо кор гирем, вале ин кор ба мо даст надод”, – гуфт Олег Кубарев дар нишасти матбуотии баъд аз бозӣ.

Ин мутахассиси белоруссӣ моҳи декабр, чор моҳ қабл аз оғози Ҷоми Осиё, ба ин вазифа омад ва Аҳлиддин Турдиев, мураббии тоҷикро иваз намуд. Баҳром Хоҷаев, ҳаводори дигари футболи Тоҷикистон ва мудири гуруҳи фейсбукии “Футболи тоҷик”, дар мавриди бозии футболбозони мо изҳор дошт, ки “ҳар чӣ корӣ, ҳамон медаравӣ”.

Хоҷаев мегӯяд, “барои мураббӣ 3-4 моҳ вақти кам аст, то фалсафаи бозии худро дар сари футболбозон ҷой диҳад”:

 “Се-чор моҳ мондан то оғози мусобиқа иваз намудани сармураббӣ иштибоҳи асосии роҳбарияти футболи тоҷик буд. Дар ин муддати кӯтоҳ тими қавӣ сохтан кори сода нест. Барои ҳар мураббие набошад, мушкил аст, то дар чунин муддати кӯтоҳ фалсафаи худро дар умқи сари футболбозон ҷой диҳад. Бояд мегузоштанд, то Аҳлиддин Турдиев бо ситоди худ корашонро пеш мебурд.

Ба ҳар ҳол, ба футболбозони тоҷик ташаккур мегӯем, ки бо тамоми нерӯи худ майдондорӣ карданд. Айби онҳо набуд, мушкили асосӣ дар корбарии дастандаркорони варзиши шумораи як дар Тоҷикистон буд. Сад ҳайф, ки чунин тими боангеза бозандаи ин мусобиқа шуд”, – қайд намуд, ин мухлиси футбол.

Фаррух Набиев, ҳаводори дигари футболи тоҷик низ аз кори мутахассиси хориҷӣ розӣ нест ва гуфт, ки “Аҳлиддин Турдиев аз Кубарев беҳтар буд”.

 “Турдиев аз 15-солагии бачаҳо бо онҳо кор мекард ва бо ин футболбозон забон ёфта метавонист. Кубарев бозингарони хубро дар ҳайати захиравӣ мемонад. Мисоли рӯшан, ин мутахассис бо футболбози ҷавон ва бомаҳорати тоҷик Хусрав Тоҳиров кор карда натавонист ва ӯро ба ҳайати бозингарони ин мусобиқа ҷалб накард”.

Бояд гуфт, ки Хусрав Тоҳиров, футболбози ҷавони тоҷик, ки пештар дар дастаи яккачини Тоҷикистон (U-20) ҳунарнамоӣ мекард, ба ҳайати тим даъват нашуд. Ин бозингар чанд рӯз қабл бо дастаи “Шахтёр”-и Укройин шартнома ба имзо расонд. Хусрав низ аз бохти футболбозони тоҷик нороҳат аст ва дар бораи ҳунарнамоии дастаи яккачини Тоҷикистон чунин изҳори назар кард:

“Футболбозони мо бо тамоми қуввату тавони худ ҳунарнамоӣ карданд ва дар чунин ҳолат бояд онҳоро дилбардорӣ кард. Зиёд мехостам, ки бачаҳоро кӯмак кунам. Трансфери ман ба “Шахтёр”, ба даъват нашуданам ба ҳайати тим ҳеҷ рабте надорад. Инро бояд аз сармураббӣ пурсид”.

Баъд аз чунин натиҷаи ғайриқаноатбахши футболбозони то 20-солаи тоҷик, ки ҳаводорони футболи меҳанро ба ташвиш овард, роҳбарияти футболи тоҷик ва кормандони баландпояи Федератсияи футболи Тоҷикистон чӣ тасмим мегиранд, ҳанӯз номаълум аст. Андешаи нафарони зиёди дигар ҳам ба назари онҳое, ки мо дар ин матлаб гирд овардем, монанд аст. Онҳо низ талаб доранд, ки ФФТ бояд кори худро беҳтар намояд, то футболбозони тоҷик дар мусобиқаҳои дигар натиҷаи арзандаро соҳиб шаванд.

Давлати Абдулло

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь