Ширкати мухобиротии Tcell, ки арзишҳои тарзи ҳаёти солимро дастгирӣ мекунад, барои муштариёни худ хизматрасонии “Мураббӣ”-ро роҳандозӣ кард. Хизматрасонӣ барои дар ҳолати хуби ҷисмонӣ нигоҳ доштани бадан, мутобиқи нишондиҳандаҳои инфиродӣ ба роҳ мондани фаъолияти корӣ, машварат доир ба машқу тамрин, вазн, ғизо ва парҳезро пешниҳод мекунад.
“Мураббӣ” барои ҳар муштарӣ барномаи вижаи фардӣ интихоб мекунад ва вақти иҷрои онҳоро муайян мекунад. Дар оғози истифодаи хизматрасонӣ, бояд маълумотро дар бораи аҳдофу нақшаҳои худ ворид созед. Сипас, хадамоти мазкур мутобиқ ба вазоифи пешгузошта ба ироаи машваратҳои гуногун ва назорату пайгирии натоиҷи он машғул мешавад.
“Мураббӣ” ба суоли “кадом вазн барои шумо мутобиқ аст” посух гуфта, тавсияҳои санҷидашудаи диетолог ва мураббиёни фитнесро пешниҳод месозад ва ҳатто рӯйхати ғизо (меню)-и инфиродиро тартиб медиҳад.
“Мураббӣ” аз Tcell – роҳи расидан ба зебоӣ ва саломатӣ!
Арзиши хизматрасонӣ дар як рӯз 75 дирам аст, ду рӯзи аввали истифодаи он ройгон ва бидуни маҳдудият мебошад. Пайвастшавӣ: * 6300 #
Бо мо бипайвандед: http://trener.tcell.tj/