Муқим Ашӯров, соҳибкор, ки ба қаллобӣ” гумонбар шуда буд, аз боздошт озод шуд. Худаш дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки қаллоб нею “қарздор” буд ва он қарзро баргардонд. Вай ду моҳ дар боздошт буд ва миёнаи моҳи июл баъди пардохти қарз раҳо гардид.

Охири моҳи май Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар дода буд, ки “Муқим Ашӯров пештар аз як сокини шаҳри Хуҷанд барои фурӯши мағозаи чорошёна 320 ҳазор доллар гирифта, баъдан он мағозаро боз ба каси дигар фурӯхтааст. Аммо маблағи аввалиро бозпас надодааст.”

Муқим Ашӯров гуфтааст, барои ӯ вақт лозим буд, то он маблағро баргардонад: “Як ё ду моҳ нарасид. Он шахс ариза кард ва мувофиқи аризааш ба ҷавобгарӣ кашида шудем. Қарзро барқарор кардем”.

Муқим Ашӯрови 65-сола 30 сол боз ба тиҷорату сайёҳӣ машғул мебошад. Аз он пеш ба ҳайси омӯзгор дар мактаб кор мекард. Вай наздик ба 20 сол ҳамчун мудири ширкати сайёҳии «Спутник» машғули ба Чин бурдану овардани тоҷирон ва кашондани бори онҳо будааст. Ҳамчунин барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ раводид низ омода мекард.  Пеш аз ин боре ҳам бо муштариён сари маблағ баҳсҳои додгоҳӣ надоштаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь