Гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми хешро оид ба Саҳми тахминии муайяншудаи миллӣ баргузор намуд, ки он ба амалисозии ҳадафҳои устувори Созишномаи Париж дар сатҳи миллӣ равона гардида шуда буд. Дар ҷаласаи мазкур, ки 8 декабри соли 2020 дар Душанбе баргузор гардид, намояндагони муассисаҳо ва идораҳои давлатӣ, аъзоёни Гурӯҳи корӣ, ки аз ҷумлаи кормандон ва масъулони вазоратхо мебошанд, ва инчунини дигар шарикони гуногуни байналмилалӣ, ки дар раванди баланд бардоштани Сахми тахминии муайяншудаи миллӣ Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд, ширкат варзиданд.

“Ҳадафи мулоқоти мазкур муаррифии пешрафтҳои то ба имрӯз бадастомада, ҳалли мушкилоти асосии марбут ба раванди такмили Саҳми тахминии муайяншудаи миллӣ ва муайян намудани қадамҳои оянда барои пешниҳоди ҳуҷҷати нав ба Котиботи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим (UNFCCC) мебошад”, – гуфт сардори Агентии обуҳавошиносӣ Диловаршо Дӯстзода.

Дар соли 2016 Тоҷикистон Созишномаи Парижро оид ба тағирёбии иқлим, ки ба коҳиш додани партовҳои миллӣ ва мутобиқшавӣ ба таъсири тағирёбии иқлим равона гардидааст, ба имзо расонид. Тибқи талаботи Созишномаи мазкур ҳар як кишвари аъзо вазифадор ҳаст, ки ҳар панҷ сол нақшаҳо ва ҳадафҳои хешро оид ба тағирёбии иқлим, ки ба  ҳайси Саҳмкузории тахминии муайяншудаи миллӣ маъруф мебошанд, ирсол ва пешниҳод намояд. Тоҷикистон нахустнақшаҳояшро дар соли 2017 пешниҳод намуд, ки дар он ҳадафи тахминииаш коҳиши на зиёдтар аз 80-90 фисади партовҳои газии гулхонаии соли 1990 то соли 2030 инъикос  ва дарҷ гардида буд.  Ин нишаст қисми раванди такмили ҳуҷҷати дар соли 2017 ирсолшудаи давлат мебошад.

Тибқи Созишномаи Париж, давлатҳое, аз ҷумла Тоҷикистон, ки мӯҳлати пешниходи саҳми миллиашон дар соли 2030 ба анҷом мерасад, вазифадоранд, ки то солҳои 2020-2021 ӯҳдадориҳои нав ё такмилдодашударо пешкаш намоянд. Ҳамин тариқ, чун Тоҷикистон ӯҳдадориҳои пешинаашро ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағирёбии иқлим дар соли 2017 пешниҳод намуд, имсол дар назар аст, ки нақшаҳо ва ҳадафҳои хешро такмил диҳад.

Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ пас аз ҷаласаи ҷонибҳои бисёрҷониба оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар робита ба раванди такмили Саҳми муайяншудаи миллӣ, ки онро Кумитаи ҳифзи муҳити зист ташкил намуд, баргузор гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь