Бо гузашти беш аз шаш моҳ ҷинояти ҳамла ва бо ҳафт зарби корд захми кардани ронандаи ширкати “Як таксӣ” ошкор гардид. Ҷинояткор айни замон барои содир кардани ҷинояти дигар, дуздӣ, дар зиндон адои ҷазо карда истодааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ҷинояти ҳамла ба ҷони ронандаи таксиро дар натиҷаи “коркарди ахбороти воридгардида” ошкор карданд. “Муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро шаҳрванд Ғозиев Абдуҷаббор Абдуғафурович, соли таваллудаш 25.07.1999, сокини н. Рӯдакӣ содир намудааст. Номбурда собиқаи ҷиноятӣ дошта, қаблан маҳбасӣ гардидааст. Инчунин, моҳи феврали соли 2024 низ барои содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардида, айни замон дар маҳбас адои ҷазо намуда истодааст”.
Бино ба маълумоти РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни пурсиш гумонбаршаванда-Ғозиев Абдуҷаббор пурра ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуда, далелҳои дар натиҷаи коркардҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба даст омада низ аз ҷониби ӯ содир гардидани ҷиноятро пурра исбот мекунад.
Чанд ҳафта қабл Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои иттило дар мавриди макони будубоши гумонбари ҳамла ба ронандаи таксӣ Зиёвиддин Беков 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ваъда карда буд. Маълум нест, ки маблағи мазкур ба “соҳибаш” расидааст ё не, аммо роҳбарияти РВКД дар шаҳри Душанбе “аз эътимоду боварӣ ва ҳамкории доимӣ ба шаҳрвандон изҳори сипос менамояд”.
Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба ҷони ронандаи ширкати “Як таксӣ” Зиёвиддин Бекови 23-сола субҳи 15-уми январи соли равон дар кӯчаи Яккачинори шаҳри Душанбе содир шуда буд. Ба гуфтаи худи Зиёвиддин, мусофираш барои талаби 37 сомонии роҳкиро ба қисмати гардани ӯ 5 корд ва ду корди дигар ба дастонаш зада, аз ҷои ҳодиса фирор карда буд.
То имрӯз табибони тоҷик 3 ҷарроҳии мушкил ва тақдирсозро дар бадани Зиёвиддин Беков анҷом додаанд. Падари Зиёвиддин-Муродалӣ Беков дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, писараш давоми 6,5 моҳ таҳти табобат қарор дорад ва барои табобати яккаписараш манзили истиқоматиашонро фурӯхта, бо аҳли оила дар хонаи иҷора зиндагӣ доранд.
Муродалӣ Беков бо истифода аз фурсат ба ҳамаи ҳамватаноне, ки барои ҷарроҳию табобати писараш Зиёвиддин кӯмаки худро дареғ надоштанд, миннатдории самимӣ изҳор мекунад.
Ӯ ҳамчунин ба кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе-Аминҷон, Некрӯз ва Фирдавс барои кӯшишу талошҳояшон ҷиҳати дарёфти ҷинояткор арзи сипос менамояд.
Онҳое, ки мехоҳанд оилаи Зиёвиддин Бековро дастгирӣ кунанд, метавонанд ба корти Душанбе Сити: 9762000090146266 ё рақами: +(992)000994799 хайрия кунанд.
Барои онҳое, ки дар хориҷа ҳастанд ва мехоҳанд кӯмак кунанд, метавонанд ба корти DS: 4713380020521577 ё бо рақами 404415050 хайрия кунанд.