Рӯзи панҷшанбе, 2 май, дар Душанбе муаррифии тадқиқоти нави «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо» баргузор мегардад.
Ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян кардани афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар мебошад, яъне шаҳрвандони кишвар ба дидану шунидан ва хондани кадом расонаҳои ватанӣ бартарӣ медиҳанд. «Тадқиқоти мазкур бори чаҳорум баргузор карда мешавад, – хабар дод директори ТҶ «Машварати расонавӣ» Набӣ Юсупов. – Тадқиқотҳои пешина солҳои 2018, 2019 ва 2022 баргузор шуданд. Дар ҳар боби тадқиқот маълумот дар бораи вазъи ин ё он ВАО-и махсус, арзёбии муқоисавии натиҷаҳои бадастомада ва таҳлили мухтасар оварда шудааст. Пас аз омӯхтани тадқиқоти мо, худи роҳбарони расонаҳо метавонанд таҳлили амиқтар карда, хулосаҳо бароранд. Мо бо муқоисаи додаҳои солҳои гузашта ва ҷорӣ, танҳо имкон медиҳем, ки сатҳи афзалиятҳои расонаҳои ватанӣ муайн шавад”.
Набӣ Юсупов инчунин илова кард, ки тадқиқот на танҳо ВАО-и анъанавӣ (телевизион, радио ва матбуот), балки абзорҳои нави интишори иттилоъ – интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро низ фаро гирифтааст». Паҳншавии муҳтавои расонавӣ тавассути Интернет дар тамоми ҷаҳон афзоиш меёбад ва Тоҷикистон низ аз он истисно нест. Суръати афзоиш баланд аст. Ва то кадом андоза ин ба фарогирии ВАО-и анъанавӣ таъсиргузор хоҳад буд, метавон бо мутолиаи тадқиқоти мо маълум кард, ки дар он ба азхудкунии фанновариҳои нав аз ҷониби сокинони Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёде равона шудааст.
«Тадқиқот гузариши устувори аҳолии Тоҷикистонро ба Интернет нишон дод, – суҳбатро идома дод таҳлилгари аршади Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» Абдуазиз Қосимов. – Ҳиссаи корбарони интернет меафзояд. Пӯёии дигаргуниҳо аён аст, аммо суръати он дар қиёс бо кишварҳои ҳамсоя пасттар аст. Пеш аз ҳама, ин ба воридшавии нокифояи интернет ба кишвар ва арзиши баланди он вобаста аст. Аммо яке аз сабабҳои асосиро мо дар он мебинем, ки густариши фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ кофӣ нест ва фаъолиятҳое, ки барои сокинон даромад меоранд, хусусияти маҳдуд ва анъанавӣ доранд”.
Пажуҳишгарон таъкид мекунанд, ки ҷавонон дар истифодаи Интернет хеле пешрафтатар мебошанд, ҳарчанд ки ин кор бештар бо ҳадафи фароғат сурат мегирад. Истифодаи ВАО дар шабакаҳои иҷтимоӣ рушд ва густариш меёбад. Иқтидори паёмрасонҳо бештар ошкор гардид. Дар солҳои сипаришуда сокинон аз як паёмрасон ба паёмрасони дигар мегузаранд. Дар маҷмуъ, гуфтан мумкин аст, ки айни замон, мо шоҳиди раванди таҳаввулоти сифатӣ дар соҳаи ВАО ҳастем.
Натиҷаҳои тадқиқот ба суолҳои муҳим посух гуфта, нишон медиҳанд, ки ВАО-и анъанавӣ бояд ба кадом самт ҳаракат кунанд ва барои расонаҳои нав кадом дурнамо боз шуданаш мумкин аст. Тадқиқот аз рӯи намудҳои ВАО мухотабонро муайян мекунад ва метавонад ҳам барои интихоби самтҳои афзалиятнок дар рушди соҳа ва ҳам барои намудҳои ҷудогонаи расонаҳо истифода шавад.
Лоиҳаро бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии “Машварати расонавӣ” роҳандозӣ кардааст. Шарикон: Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маҷмуъ дар тадқиқот зиёда аз 2507 посухдиҳанда аз саросари ҷумҳурӣ ширкат кардааст. Замони баргузории назарсанҷӣ: моҳҳои январ ва феврали соли 2024.