Мураббии шинохта Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, ки бо тахаллуси “Муаллим” маъруф аст, сармурабии дастаи футболи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шудааст. Дар ин бора шореҳи футбол Бобо Холмуродзода дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Ҳабиббуллоев фаъолияти худро чун бозигари футбол оғоз кардааст. Соли 1991 вай дар дастаи “Ҳосилот” дар Лигаи дуюми СССР 7 бозӣ кардааст. Дар чемпионати Тоҷикистон ӯ дар ҳайати “Равшан” аз Кӯлоб бозӣ кардааст.

Аз аввали солҳои 2000-ум чун мураббӣ ном баровард. Мураббии доимии дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» аз соли 2001 то 2013 буд, ки баъзан ба майдон ҳамчун бозингар дар чемпионати Тоҷикистон мебаромад.

Соли 2007 сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон буд. Дар солҳои 2006 ва 2008 ҳамчун беҳтарин мураббии Тоҷикистон эътироф шудааст.

Моҳи августи соли 2014 ӯ “Далерон”-и Уротепро сарварӣ кард ва дастаро ба медалҳои биринҷӣ расонд. Пеш аз оғози мавсими 2015 ӯ сармураббии “Равшан” (Кӯлоб) шуд, аммо дар моҳи июли ҳамон сол ӯ дастаро тарк кард, ки аз рӯи натиҷаҳои мавсим, “Равшан” соҳиби медали биринҷӣ шуд. Тобистони соли 2015 вай “Ҳосилот”-и Фархорро раҳбарӣ карда, дастаро ба пирӯзӣ дар Лигаи якум расонд. Тобистони соли 2016, вай боз сармураббии “Ҳосилот” таъйин шуд, ки бо ин даста медалҳои нуқраии чемпионатро соҳиб шуд.

Ҳоло “Кӯктош” дар Лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ мекунад, баъди 8 вохурӣ бо 9 имтиёз дар зинаи 7-ум аст. Даста бозии ояндаашро 11-уми июн дар майдони худ бо дастаи “Файзканд” аз ноҳияи Восеъ мегузаронад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь