Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба мавлуди адабиётшиноси барҷастаи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Муҳаммадҷон Шакурӣ дар масири илму эҷод” баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур аз Дастгоҳи иҷроияи Президент, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Садриддин Айнӣ, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Зимни нишаст як қатор донишмандону мутахассисон доир ба ҳаёту фаъолият ва рӯзгори ин донишманди тоҷик дар пажӯҳиш ва рушду камоли илми филологияи тоҷик, ҷомеашиносӣ ва ташаккули маънавиёту худшиносии миллии мардуми мо, дастовардаҳо, мавриди андешаҳои мушаххас ва баррасиҳои илмӣ суханронию музокира намуданд. 

Муҳаммадҷон Шакурӣ адабётшинос, забоншинос, пажӯҳишгар, адиб ва нависандаи тоҷик, аъзои АИ Тоҷикистон ва Фарҳангистони забону адаби форсии Эрон, яке аз муаллифони Қонуни забони тоҷикӣ маҳсуб ёфта, муаллифии зиёда аз 50 китоб ва бештар аз 500 мақола мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь