Даври аввали интихоботи президентӣ дар Молдова рӯзи 20-уми октябр баргузор шуд ва қарор аст, ки рӯзи 3-юми ноябр даври дуюми он баргузор шавад.
Аз рӯи натоиҷи коркарди 100 дарсади баргаҳо, сарвари феълии давлат Майя Санду, ки барои давраи дуюм номзад аст, пешсаф аст. Вай 42,45 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст. Пас аз ӯ собиқ додситони кулли Молдова, зодаи Гагаузия Александр Стояногло 25,98% овоз гирифтааст. Ҳардуи ин номзадҳо ба даври дуюм, ки қарор аст 3-юми ноябр баргузор шавад, роҳ меёбанд.
Санду аз Иттиҳодияи Аврупо ва тамоюли Ғарб ҳимоят мекунад, мухолифон ӯро дар шикастани равобит бо Русия ва хиёнат ба манфиатҳои миллӣ муттаҳам мекунанд. Стояногло бар ин назар аст, ки равобити Молдова бо Иттиҳодияи Аврупо набояд ба шарикии анъанавӣ бо Русия ва дар маҷмуъ ИДМ осеб расонад.
Ҳамчунин, дар ин рӯзи 20-уми октябр мардум дар раъйпурсӣ дар бораи пайвастани Молдова ба Иттиҳодияи Аврупо овоз доданд. 50,46 дарсади шаҳрвандони ин кишвар ба ҷонибдории ҳамгироии аврупоӣ ва 49,54 дарсади раъйдиҳандагон мухолифи он овоз доданд.