Як модар аз ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, кормандони комиссариати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ноҳияашон ба “облава”-и ҷавонон машғуланд ва аз кӯчаву хонаҳо “облавашудагонро” ба комиссариати ноҳияи Сино меоранд.  Ӯ мепурсад, оё онҳо ҳақ доранд, ки аз як ноҳия ба ноҳияи дигар рафта, чунин кор кунанд.

Хӯҷаназарова Нигор, омӯзгори фанни таърихи МТМУ-и рақами 68-и ноҳияи Рӯдакист. Номбурда мегӯяд, рӯзашро пушти дари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино гузаронидааст. Ба гуфтаи ин модар, писараш Ғафурзода Сомон Раҳмоналиро субҳи ҳамин рӯз, ҳангоми ба кор рафтан аз мошин фeроварда, бо худ бурданд.

– Соли гузашта ба писарам аз ноҳияи худамон даъватнома омад. Сомонро табибон муоина карданд ва барои хизмат ноқобил донистанд, зеро як чашмаш хуб намебинад, кафи пойҳояш ҳамвор аст ва илова бар ин, асабаш бемор аст. Аз субҳ то ҳоло пушти дарвозаи Комиссариати ноҳияи Сино ҳастем. Мефаҳмонам, ки ба Комиссариати ноҳияи Рӯдакӣ занг занед. Дар бораи писари ман маълумот гиред, касе аҳамият намедиҳад. Корманди комиссариат, ки пушти тирезача мешинад, маро таҳқир карда, бесавод гуфт. Гуфтам, ки ман ба газета рафта, аз корҳои ғайриқонуниятон шикоят мекунам. Ин корманд гуфт, “ба куҷое мехоҳӣ, рафтан гир. Касе моро коре карда наметавонад”. Ҳамин суханаш маро алам карду ба газета муроҷиат кардам, то тариқи расона роҳбарон аз корҳои ғайриқонунии зертобеъон бохабар шаванд, ягон чора андешанд, – гуфт Хӯҷаназарова Нигор, ки собиқаи 35-солаи омӯзгорӣ ва кор дар мақомоти интизомӣ дар замони шӯравиро дорад.

Хайриддин Пиров, ронандае, ки шахсони номаълум мошинашро манъ карда, мизоҷонашро фароварда, бо худ бурдаанд, дар суҳбати телефонӣ гуфт, ҳодиса имрӯз, тахминан соати 9-и саҳар рух дод.

– Дар назди шуъбаи милисаи деҳаи Авул пеши роҳамонро се нафар бо либоси мулкӣ гирифтанд. Манъ кардам. Онҳо аз дохили мошинам се ҷавонро фуроварда, бо худ бурданд. Рақами мошинашонро фаромӯш кардам, вале мошини сафеди тамғаи ВАЗ-09 буд. Аз қафояшон рафтам. Онҳоро ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, воқеъ дар “Яккакчинор” бурданд. Сомонро мешиносам. Ӯ дар ҳақиқат бемор аст, – гуфт ронанда Х. Пиров.

Муҳаммад Ғаффуров. Бародари Сомон, гуфт, айни ҳол дар назди бинои комисссариат мунтазири хулосаи роҳбарияти комиссариати ҳарбиянд.

– То ҷое медонам, дар дохил даъватшудаҳоро аз ташхиси тиббӣ гузаронидаанд, вале дар бораи Сомон маълумоте надорем, – гуфт М. Ғаффуров.

Ёдовар мешавем, ки даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар як сол ду маротиба, баҳору тирамоҳ гузаронида мешавад. Дар ин мавсим дар баробари даъватҳои расмии мақомот аз роҳҳои ғайрирасмии он, ки бо номи “облава” маъруф аст, зиёд истифода мешавад. Ин дар ҳолест, ки мақомот ҳамеша вуҷуди ин падидаи нангинро рад мекунанд. Ба гуфтаи ниҳодҳои марбута, шумораи ҷавонони довталаб ба артиш зиёд аст ва ҳоҷат ба роҳҳои ғайриқонунии он нест.

Бино ба маълумоти ғайрирасмӣ, дар ҳар мавсими даъват артиши кишвар ба 7-8 ҳазор сарбоз ниёз дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь