Зимни баргузории ҷамъомади навбатӣ бо ширкати Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ки тариқи видеоӣ сурат мегирад ва дар соири вилоятҳои ин кишвар низ онро тамошо мекунанд, вай роҳбарони идораҳоро интиқод кард, ки муносибат ва муомилаи худ бо кормандони воситаҳои ахбори оммавиро беҳтар кунанд.

Вай гуфт, ки воситаҳои ахбор дар ташаккулёбии ҷомеа нақши муассир мебозанд ва таваҷҷӯҳи ҳукуматдоронро ба масъалаҳое ҷалб мекунанд, ки ҳаллу фаслашон ногузир аст. Ба таъкиди Президенти Ӯзбекистон яке аз талабҳои асосии ҷомеаи демократӣ низ маҳз ҳамин аст.

– Мо набояд фаромӯш кунем, ки матбуот ойинаи инъикоскунандаи кору фаъолиятҳои мост. Мутаассифона, солҳои зиёд мо аз нигаристан ба ин ойина сарфи назар кардем. Дар натиҷа мо зоҳири ҳақиқии худро дида натавонистем. Айбу нуқсонҳоеро, ки барои мардум маълум буданд,  эътироф накардем ва “ман аз дигарон беҳтарам” гуфтем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба гуфтаи ӯ  роҳбарони идораҳо барои акси чеҳраи нозебои худ ойинаро муқасир донистанд ва натиҷа маълум кард, ки мушкилоти зиёди ҳалношуда зам шудаанд.

Шавкат Мирзиёев илова кард, ки баъзе роҳбарон зимни мулоқот бо шаҳрвандон ва намояндагони воситаҳои ахбори умум оддитарин фарҳанги муносибат ва тақводориро риоя намекунанд.

– Вақте онҳо ба муроҷиатҳо сари вақт ва ҷавоби дурусту ҳаққонӣ намедиҳанд, норозигиро ба бор меоваранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзмарра сару садоҳои гуногунро дар бораи фаъолияти ин ё он роҳбар дидан мумкин аст. Барои он ки ба маводи интиқодӣ вокуниши фаврӣ, объективӣ ва асоснок намедиҳанд, дар байни мардум гуфтугузори мухталиф пайдо мешавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Вай такаббур ва ғуруру ҳавобаландии роҳбарони алоҳидаро дар бештар шудани мушкилот ва ба миён омадани вазъияти низоъбарангез омили муҳим арзёбӣ кард. Ба гуфтаи Президенти Ӯзбекистон ҳар як шахс ғурур дорад ва сазовори ҳурмат аст, аммо набояд фаромӯш кунад, ки вай барои шаъну шарафи худ ва эътибору шӯҳрати ниҳоди давлатӣ низ масъул мебошад.

Вай тамоми роҳбарони ниҳодҳои давлатиро муваззаф намуд, ки дар ҳар ҳолату вазъияти мушкил бояд  аз равзанаи тамкин ва тақво кор гиранд ва масъаларо дуруст ҳаллу фасл намоянд, ки дар чаҳорчӯби қонун сурат гирад. Он гоҳ метавонад ин роҳбар мавриди эҳтирому ситоиш ва эътимоди мардум қарор гирад.

Ногуфта намонад, ки Вазорати хориҷаи ИМА нисбати ин изҳороти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон вокуниш нишон додааст. Гуфта мешавад, иҷрокунандаи вазифаи ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Элис Уэлсс  дар саҳифаи Твиттери худ гуфтааст: «Хеле хушҳолам, ки Президент Ш.М.Мирзиёев таҳдид болои ВАО-ро маҳкум намудааст ва устувории худро ба озодии баён дар кишвараш изҳор кардааст. Таъмини амнияти журналистон ва блогнависҳо ва иҷрои кору вазифаашон дар фазои озод мунҷар ба рушди деморкатия ва ошкорбаёнӣ мешавад”.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь