Раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфт, маоши омӯзгорон дар ҳаҷми 1 ҳазор доллар ба воқеият табдил меёбад. Вай дар ин бора дар як муколама бо намояндагони бахши маориф гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, аз соли хониши оянда дар Узбекистон низоми аттестатсия мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ мешавад. Ба муаллимоне, ки аз имтиҳон 86 ва аз ин ҳам зиёд хол гирифтаанд, ба андозаи 70 дарсади музди корашон мукофотпулӣ дода мешавад.

«Агар муаллими биологияи категорияи олӣ аз фанни худ шаҳодатномаи байналмилалӣ дошта бошад, 50 % пули изофӣ мегирад, ки 40 дарсад аз фонди директорӣ ва 70 дарсади дигар дар асоси  талаботи нав дода мешавад», – гуфт роҳбари давлат. Ҳамин тавр, моҳонаи ӯ аз 4,5 миллион сӯм то ба 12 миллион сӯм боло меравад, гуфт Мирзиёев.

“Аз ин мисол шумо равшан мебинед, ки маоши омӯзгорон ба андозаи 1000 доллар ба воқеият табдил меёбад”, гуфт президент.

Қобили зикр аст, ки дар ҳоли ҳозир теъдоди омӯзгороне, ки моҳона беш аз 1 ҳазор доллар мегиранд, ҳамагӣ 1,1дарсади шумори умумиро ташкил медиҳад. Дар охири нимсолаи аввали соли 2024 маоши миёнаи номиналии кормандони соҳаи маориф дар ин кишвар 3,5 миллион сӯмро ташкил дод.

Худи муовини вазири маорифи томактабӣ ва мактабӣ Темур Комилов бошад идеяи 1 ҳазор доллар маош гирифтани ҳамаи омӯзгоронро “хаёли хом” номид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь