1-уми октябр дар Ӯзбекистон рӯзи омӯзгорон ва мураббиён эълон шудааст. Ҳанӯз 27-уми декабри соли 1996  Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсиси “Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён” қарор содир кард ва 24 сол мешавад, ки дар ин кишвар онро ҳамчун иди умумимардумӣ таҷлил мекунанд.

Бори нахуст дар маросими мутантани таҷлили рӯзи омӯзгорон ва мураббиён президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳузур дошт ва суханронӣ кард. Қаблан номаи табркии раисиҷумҳурро мушовири давлатии президент Хайриддин Султонов ба аҳли маҷлис мехонд.

Гуфта мешавад, иштироки бевоситаи сарвари давлат дар чунин маросим баёнгари он аст, ки дар Ӯзбекистон ба масъалаи таълиму тадрис ва тарбияи наслҳои наврас таваҷҷӯҳ беш аз пеш меафзояд.

Бо амри президент Шавкат Мирзиёев ба шарафи рӯзи идашон як гурӯҳ омӯзгорон ва мураббиён барои саҳми беназир дар пешрафту тараққиёти Ӯзбекистон бо унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.

– Дар ҳар муваффақияту пешравие, ки мо дар ин ҳаёт ноил шудаем, саҳми омӯзгорону мураббиён низ хеле зиёд аст ва онро бо сипос эътироф мекунем, -гуфт Шавкат Мирзиёев дар ин маросими мутантан.

Вай афзуд, дар шароити мушкилафзои дунёгиршавии коронавирус омӯзгорон бо қатъият ва ҷоннисорӣ ба кори таълиму тарбия машғуланд. Ҳоло  ғайр аз усули анъанавӣ, усули “Мактаби онлайнӣ” низ ҷорӣ шудааст ва омӯзгорон дар ду ҷабҳа фаъолияти худро идома медиҳанд.

Сарвари давлати Ӯзбекистон зимни суханронӣ изҳор кард, ки аз 1 октябри соли равон ҳаҷми кумакпулӣ барои 242 ҳазор роҳбари синф якуним баробар меафзояд. Барои ин мақсадҳо ҳамеша 400 миллиард сӯм сарф карда мешавад.

Ногуфта намонад, ки дар миёни мукофтгирифтагон 14 нафарро роҳбарони синф ташкил мекунанд.

Президенти Ӯзбекистон дар ин маросим таъкид кард, ки бояд омӯзгорон эҳсос кунанд, ки онҳо таҳти ҳимояи  давлат қарор доранд. Ҳамзамон, вай дар бораи мақоми директори мактаб, вазифаҳо ва масъулияти ӯ, аз роҳи озмун ишғоли ин мақом, аз вазифа барканор кардани директори мактаб дар ҳамоҳангӣ бо шӯрои маҳаллӣ  ҳарф зад.

Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев директори мактаб бояд барномаи рушди мактаб барои 5 солро пешниҳод кунад ва дар охири ҳар соли таҳсил гузориш диҳад, ки кадом корҳоро иҷро кардааст.

Дар маросими мазкур Шавкат Мирзиёев дар бораи нақши кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ таваққуф намуд. Вай гуфт, ки Ӯзбекистон кишвари озод аст ва ҳаргиз мисли пештара мамлакати дарҳояш масдуд нахоҳад шуд.

– Мо дигар марзҳоямонро намебандем, интернет дар мо мунтазам кор мекунад. Ман мехоҳам, ки ба ходимони воситаҳои ахбори оммавӣ арзи минатдорӣ кунам. Роҳбароне, ки аз робита бо онҳо  канорагирӣ мекунанд, оянда надоранд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба таъкиди ӯ баъзе мансабдорон намехоҳанд, ки бо воситаҳои ахбори оммавӣ ҳамкорӣ кунанд.

– Мо озмоишҳои сахтро паси сар мекунем, вале баъзеҳо ба саволҳои намояндагони ВАО тоб намеоранд, муҳити ташаккулёбандаи озод барои ВАО-ро намепазиранд, намехоҳанд садои адолатро бишнаванд, аммо онҳо маҷбур хоҳанд шуд, вагарна роҳҳои мову онҳо дигар хоҳад буд, – изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь