Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем!» маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои ҳамроҳ шудан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Дар натиҷа ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 100%, Нуробод 100% ва Рашт 100 дарсад нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро карданд.
Дар ҳамоиш раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, падару модарони даъватшавандагон ва собиқадорону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ва бо дуои неки модарон ва баргузор намудани маросими кулчагазон наваскаронро ба хизмати содиқона ба Ватан гусел карданд.