Як тадқиқот муайян кардааст, ки бо зиёд шудани истифодаи паёмрасонҳо (мессенҷер) шумораи зангҳои овозӣ ба воситаи телефонҳои муқаррарӣ кам шуда, боиси маҳдуд шудани даромадҳои андоз ба буҷет гаштааст.
Тадқиқот, ки “Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо” унвон мешавад, дирӯз 7-уми июн дар Душанбе муаррифӣ гардид.
Тадқиқотчиён бар онанд, Кумитаи андоз мехостааст, ки дақиқаҳои трафики овозӣ ба воситаи паёмрасонҳои WhatsApp, Viber, Telegram, Messenger ва дигаронро мавриди андозбандӣ қарор диҳад, то бо ин восита даромадҳои андозӣ афзоиш дода шаванд. Ин дар ҳолест, операторони мобилӣ аз ҷиҳати техникӣ ғайриимкон будани ин амалро муайян кардаанд. Чун созмондиҳандагони ин паёмрасонҳои маъруф, ки дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор доранд, сокинони муқимии кишвари мо нестанд.
Тадқиқоти мазкур нишон додааст, ки аз 2446 нафар пурсидашуда 997 нафарашон истифодабарандагони паёмрасонҳои гуногун мебошанд, ки 41%-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбати назарсанҷии соли 2018-ум 6% афзоиш ёфтааст. (соли 2018 нишондиҳанда 35% буд).
Истифодабарандагони аксари паёмрасонҳо сокинони шаҳри Душанбе ҳастанд (59%), ки аз ин ҳисоб ҷавонони то 24-сола ва толибилмон 64 ва 62 дарсадро ташкил медиҳанд. Муҷаррадон 68 фоиз, ашхоси даромади молиявиашон аз 2000 сомонӣ боло 60-70 фоиз ва нафароне, ки даромади худро нишон надоданд, 72 фоиз мебошанд.
Тибқи тадқиқоти мазкур паёмрасонҳои аз ҳама маъруф дар кишвар IMO (86%), Viber (53%) ва WhatsApp (21%) мебошанд. Паёмрасонҳои боқимонда 6 фоизи дигар ва аз он ҳам камтар овоз гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки паёмрасонҳои ватанӣ натавонистаанд, миёни аҳолӣ маҳбубият пайдо кунанд.
Гуфта мешавад, 2 миллиард сокини сайёра барои табодули маълумот аз паёмрасонҳо истифода мебаранд.
Лоиҳаи мазкурро, ки аз ҷониби сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст, созмони ҷамъиятии “Машварати расонавӣ”, “Маркази тадқиқоти сотсиологии “Зеркало” ва Вазорти фарҳанги ҶТ амалӣ кардаанд.