Ҷинояткоре, ки дирӯз дар Лас-Вегаси Америка бар тӯдаи мардуми иштирокчии як фестивали мусиқӣ тир кушоду 59 нафарро кушт, пеш аз харидани аслиҳа аз санҷиши зарурӣ бо муваффақият гузаштааст, гуфтааст соҳиби мағозаи аслиҳа Крис Майкл. Ӯ чанд моҳ пеш исломро қабул карда будааст

Ба гуфтаи мағозадор Стивен Пэддоки 64-сола чанд маротиба ба мағозаи ӯ омадааст ва аз санҷиш хуб гузашта соҳиби тапонча шудааст.

Полис хабар дод, ки ин мард пеш аз ин ба ҷиноят даст назадааст. Хешони ҷиноякор низ гуфтаанд, ки аз ӯ интизори инро надоштанд.

Ин тирпаронӣ дирӯз дар Лас-Вегас дар як фестивали мусиқӣ ба қайд гирифта шудааст, ки як марди мусаллаҳ аз ошёни 32-юми меҳмонхона ба ҷамъомадагон тир кушодааст. Ӯ аз аслиҳаи автоматӣ истифода бурдааст ва дастикам 59 касро куштаасту 500 нафарро захмӣ кардааст. Худи «мерган» низ кушта шудааст. Дар баъзе хабарҳо гуфта мешавад, ки ӯ худашро куштааст, аммо сарчашмаҳои дигар мегӯянд, ки полис ӯро аз байн бардоштааст. Аз ҳуҷраи ӯ чанд милтиқ ва тапонча низ дарёфт шудааст.

Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» вобаста ба ин тирпаронӣ изҳорот нашр кард ва Стивен Пэддокро «сарбози Халифат» хонд. Ба гуфтаи роҳбарони ДИИШ ин марди америкоӣ чанд моҳ пеш аз ин амалиёт исломро қабул ва номашро ба Абуабдулло Барр иваз кардааст. Дар изҳороти террористон гуфта мешавад, ки Барр бо даъвати Абубакри Бағдодӣ ба шаҳрвандони эътилофи «салибдорон» ҳуҷум кардааст. Ба иттилои онҳо ҳамагӣ дар ин амалиёт 600 нафар куштаву захмӣ шудаанд.

Ин амали террористӣ дар таърихи ИМА хунинтарин гуфта мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь