Паҳлавони маъруфи кишвар Беҳрӯз Хоҷазода дар Гран-прии ҷудои Тошканд дар финал барои медали тилло мубориза бурд, аммо бо медали нуқра иктифо кард. Барои ӯ муқобили ҳарифи ӯзбек ҳамагӣ чанд лаҳза истодагарӣ лозим буд, то комёб шавад.

Беҳрӯз дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг гуштӣ гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд. Сипас, бар варзишгарони Русия (Евгений Прокопчук), Британияи Кабир (Ерик Ҳам), Қазоқистон (Жансай Смагулов) ва Шведсия (Томмӣ Макиас) дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт, вале дар даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Ҳикматулло Тураев мағлуб гашт.

Беҳрӯз Хоҷазода бо медали нуқра ва 2000 доллар мукофотонида шуд.

Дар рӯзи дуюм, се варзишгари дигари мо – Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов, Садр Боев (-81кг) дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.

Рӯзи аввали мусобиқа низ барои варзишгарони мо бобарор набуд. Дар қувваозмоиҳои вазнҳои -60кг ва -66кг се варзишгари мо – Муҳаммад Маҳмадиев, Шаҳбоз Саидаброров ва Ёқубҷон Боқиев баромад карданд, вале аз медал маҳрум монданд. Натиҷаи беҳтарро Муҳаммад нишон дод. Ӯ дар ду давр бар варзишгарони Ҳиндустону Украина пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Диёрбек Урозбоев ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз намояндаи Тайпейи Чин Йунг Вей Йанг мағлуб гардид ва ҷои ҳафтумро ишғол кард.

Дар қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг ва +100кг миёни мардон Комроншоҳ Устопириён, Саидҷалол Саидов, Шарифҷон Назриев, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов ширкат карданд, вале комёб нашуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь