Имсол аз таъсисёбии нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои Шариф” 108 сол сипарӣ мегардад. Дар ин давраи тӯлонӣ матбуоти тоҷик шебу фарозҳои зиёдеро тай карда, то имрӯз тавонистааст побарҷо боқӣ монад.
Ба муносибати таъсисёбии “Бухорои шариф” ҳамасола дар кишвар 11-уми март ҳамчун иди касбии матбуотчиён таҷлил мешавад. Ба муносибати ин ид хабарнигори Farazh.tj аз вазъи кунунӣ ва ояндаи матбуот, бо чанде аз собиқадорони матбуот ва муҳаққиқон соҳа суҳбате анҷом дод, ки фишурдаи он дар зер пешниҳоди хонандагон мегардад.
Қироншоҳ Шарифзода,
собиқадори матбуот, таҳқиқгари рӯзномаи “Бухорои Шариф”
– Матбуоти даврии мо имрӯз аз бурд дида бохт бештар ё аз комёбӣ дида мушкилоти зиёд дорад. Аслан агар аз рӯйи рақам гирем дар кишвар ҳудуди 370 рӯзномаю маҷалла фаъолият дорад. Аз рӯйи сифат, аксари ин рӯзномаҳо ба таври мунтазам чоп нашуда, гоҳ-гоҳ мунташир мегарданд. Боз ҳам мушаххастар гӯем, нашрияҳои чопии пойтахт назар ба солҳои пешин, махсусан нашриёте, ки ба истилоҳ мустақил ё ғайриҳукуматӣ ҳастанд, вазъи начандон хуб доранд. Мушкили аслии инҳо пеш аз ҳама вазъи молиявӣ аст. Набудани обуначии доимӣ, то рафт кам шудани харидорӣ чакана, ба манотиқи дурдаст сари вақт бурда нарасонидан, аз мушкилоти домангири нашриёти мустақили мо ҳастанд. Аз нуқтаи назари муҳтаво ва мазмун ҳам нисбат ба 7-8 соли пеш нашрияҳои мустақили мо пешравии чандоне надоранд. Дар солҳои қабл, миёни нашрияҳои мустақил сабқати солимӣ эҷодӣ буд, ки имрӯз мутаассифона ин омил аз байн рафтааст. Лекин матбуоти мустақил ба ҳар навъе кӯшиш доранд аз чоп бознамонанд. Айни замон ду роҳи ҳалли мушкилоти нашрияҳои мустақил ҳаст, ки яке ба умеди дастгирии молиявии давлатӣ шудан аст, зеро дар моддаи 5-уми қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма” омадааст, ки давлат ВАО-ро тибқи қонунгузорӣ дастгирӣ мекунад. Лекин ин модаи қонуни мо ба истилоҳ “моддаи хомӯш” асту амал намекунад. Роҳи дигар, ки ба худи муассисон вобаста аст, тайғир додани самти иттилоърасонӣ аст. Имрӯз хонанда дигар аз ҳафтанома хабарро ҷустуҷӯ намекунад. Барои хабар ҳафтаворро намехарад, чунки воқеаи рӯхдода пас аз 10-15 дақиқа тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ мешавад. Бинобар ин, ҳафтаномаҳои моро мебояд ба самти таҳияи маводҳои таҳлилӣ руҷӯъ кунанд. Хабаррасонӣ накарда, сабабу омилҳои рух додани ҳодиса ва паёмадҳои онро барои хонандаи ҳушманд гӯянд. Чизи дигаре, ки хонанда аз нашрияҳои мустақил меҷӯяд, ин матолиби танқидӣ аст, ки мутаассифона он ҳам имрӯз дар матбуот кам шудааст. Аз ин лиҳоз матбуотчиёнро зарур аст, ки матолиби танқидиро зиёд кунанд.
Дар ҳамин росто, риояи гуногунандешӣ яке аз принсипҳои асосии журналистика аст, махсусан дар замоне, ки мардум ба матолиби журналистон эътимод доранд, бояд ин принсип аз тарафи журналистон риоя шавад. Дар қонунгузории Тоҷикистон барои ибрози андеша ҷазое пешбинӣ нашудааст. Кафолат дода шудааст, ки ҳар кас метавонад тавассути ВАО фикри худро озодона баён кунад. Ҷой додани ақоиди гуногун низ як роҳи серхонанда шудани матбуоти мо аст. Имрӯз дар матбуоти мо тарси ноҷое ҳаст, ки барои мабодо гуфта, то ҳадде чандандешӣ ё худ гуногунандеширо риоя намекунанд, ки ин омилҳо низ сабаби камхонанда шудани матбуоти мо гардидааст. Агар принсипҳои болозикр дар матбуоти мо риоя шавад, барои умри дарози онҳо умед бастан мумкин аст.
Шариф Муллоев,
доктори илмҳои филологӣ, профессор, устоди факултети журналистикаи
Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия
– Матбуоти тоҷик дар замони истиқлолият ба тарзе рушду нумӯъ ва инкишоф ёфт. Имрӯз матбуоти ғайридавлатӣ нисбат ба давлатӣ фаъол буда, ҷойи пешсафе ишғол кардааст, вале журналистони имрӯзаи тоҷик бештар ба жанрҳои осон рӯй овардаанд. Дар саҳифаҳои матбуот жанрҳои таҳлилӣ кам ба чашм мерасанд. Анқариб серхонандатарин мавод – тадқиқоти журналистӣ дар матбуоти мо аз байн рафтааст.
Раҷаб Мирзо,
журналист ва таҳлилгари тоҷик, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ
– Матбуоти фаъоли тоҷик чанд мушкили умда дорад. Якум, ояндаи худро ҷиддӣ баррасӣ надорад. Дар ҳоле, ки ҳамкасбонамон дар тамоми дунё дар ин фикр дармондаанд: нашрияҳои чопӣ оянда доранд, ё не? Онҳоро чӣ гуна ҳифз кардан мумкин аст?
Дар мо, мутаассифона, талоше ҳамчунин ҷиддӣ намебинем, аммо буҳрони амиқро нодидан имкон надорад: нашрияҳои ҳукуматӣ бо обунаи маҷбурӣ худро “ҳифз” мекунанд ва ҳарчӣ камтаъсир мешаванд, матбуоти мустақил теъдоди нашри худро аз даст медиҳад. Коҳиш ёфтани теъдоди нашр дар Тоҷикистон танҳо ба вусъат ёфтани доманаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ иртибот надорад. Ба ҳар ҳол, суръату сифату арзиши интернет дар Ғарб аз мо чандин баробар беҳтар аст, аммо ҳамоно мардум нашрияҳоро мехонанд. Дуруст аст, ки онҳо василаҳои нави ҷалби муштариёнро ҷӯёанд. Дар мо мушкил вазнинтар аст ва сифр равонист. Яъне, мухотабон ба нашрияҳо эътимод надоранд ва онҳоро ба сифати як институти мустақил намешиносанд. Мушкилии дигар, набудани мутахассисони касбӣ аст, ки нашрияҳоро ба буҳрони амиқтар мебаранд.
Ҳайати эҷодии вебгоҳи хабарии Farazh.tj кулли матбуотчиёни кишварро бо рӯзи касбиашон шодбош гуфта, ба онҳо қаламфарсоии амиқу таъсиргузорро дар фазои эҷод орзу менамояд.