Дар як шабонарӯз дар пойтахти Русия шаҳри Маскав боз 28 нафар аз коронавирус фавтиданд. Дар ин бора субҳи имрӯз ОИР “Новости” дар такя ба паёми ситоди таъҷилӣ хабар дод.
Сироятёфтагон аз 44 то 98-сола буданд. Се тан аз онҳо аз диабети қанд азият мекашиданд ва ду нафари дигарашон бронхити доимӣ доштанд.
– Дар байни онҳо беморни гипертония, пиелонефрит, иллати дил, миастения буданд, – омодааст дар паёми ситоди таъҷилӣ.
Дар Русия 43 ҳазор нафар сироят ёфта, наздик ба 3 ҳазор бемор табобат гирифтааст. Шумораи фавтидагон аз COVID-19 дар Маскав ба 204 нафар расид.
Аз рӯи омори СТҶ шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 2,2 миллион нафар баробар буда, тақрибан 153 ҳазор бемор фавтидааст.
Блоки рекламавӣ