Аз имрӯз машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин оғоз мешаванд, ки то 20-уми август идома хоҳанд кард.

Дар ин бора 16 август зимни вохӯрии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин таҳти роҳбарии Лю Юнфэн изҳор гардид.

«Ховар» бо истинода аз маркази матуботи ВКД хабар медиҳад, ки машқҳои тактикӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор сурат мегиранд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь