Қарор аст 300 га замин дар ҳудуди ноҳияи Масчоҳи Нави Тоҷикистон тибқи созишномаи дуҷониба ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода шавад. Ин созишнома дар мавриди аломатгузории сарҳадӣ буда, ба баҳси минтақаҳои душворгузар миёни ду кишвар хотима мебахшад. Яъне, дар ҷое гузашт аз ин ҷониб, ё он ҷониб сурат гирифтааст.

Як манбаъ дар суҳбат ба  farazh.tj  гуфт “он 300 га замине, ки қарор аст ба Ӯзбекистон тибқи созишнома ва аломатгузории сарҳадӣ диҳанд, дорои кони тилло буда, тули 10 рӯз мешавад, ки комиссияи дуҷониба талош дорад, то тақсимотро анҷом диҳад”.

Раиси Кумитаи идораи  замин дар вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода  дар суҳбати телефонӣ ба мо иброз дошт, “ин масъала дар ҳоли баррасӣ қарор дошта, танҳо Ҳукумати Тоҷикистон метавонад ин масъаларо шарҳ диҳад”.

Ҳамчунин, роҳбари сарҳадот дар ноҳияи Масчоҳи нав Каримзода дар суҳбат ба farazh.tj  гуфт: “Вазифаи мо муҳофизати  сарҳад аст, ин масъала  дар салоҳияти мо нест”.

Бояд гуфт, ки ин кон дар ҳудуди ноҳияи Масчоҳ, ҷамоати «Навбаҳор», наздикии деҳаи Оби Шифо ҷойгир аст. Ширкати Тоҷикистону канадагии «Апреловка» солҳо боз ин конро истифода мекунад.

Баъзе огоҳони ҳол пешниҳод мекунанд, ки агар замин аз ҳудуди ноҳияи Зафарободи Тоҷикистон, ки замини бе канданиҳои фоиданок дорад, дода шавад, баҳси мазкур хотима меёбад.

Қазияи мазкур бо чӣ меанҷомад, пайгирӣ хоҳем кард. Шояд, ба эҳтимоли зиёд, ҳангоми бастани созишнома, аз мавҷуд будани кони тилло дар ин мавзеъ, ҷониби Тоҷикистон огоҳӣ надошт?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь