Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури   хабарнигорон 80 фоиз рӯбардор будани қонунҳои кишварро аз рӯи қонунҳои Русия рад кард.

Бино ба гуфтаи Саидзода Иззатулло Ҳабибулло – директори Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои пешниҳодшуда аввал ташхис ва баъдан тасдиқ мегарданд.

“Ҳар қонуне, ки ИДМ қабул менамояд, ба Тоҷикистон пешниҳод мешавад, мо аввал онро ташхис мекунем ва мутобиқаташро бо қонунҳои кишвар месанҷем, баъдан тасдиқ менамоем”,- гуфт ӯ.

Ин дар ҳолест, ки бештари коршиносони мо бар онанд, ки бештари қонунҳои мо аз рӯи қонунҳои Русия рӯбардор мешаванд.

Комрони Аслон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь