Имрӯз дар Тоҷикистон даври асосии имтиҳонҳо барои довталабоне, ки ба муассиссаҳои олӣ ва касбӣ ҳуҷчат супоридаанд, шуруъ шуд. Дар рӯзи аввал гурӯҳи ихтисосҳои 1-уми табиӣ ва техникӣ имтиҳонро дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А месупоранд.
Дар соли 2020 шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ — синфи 11-ум, ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда 98 840 нафарро ташкил додааст.
Имрӯз дар ин имтиҳон иштироки 16 601 нафар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшудаи гурӯҳи ихтисосҳои 1-умро интихобкарда дар назар аст. Даври асосии имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – қисми А барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста аз ҳар яке аз гурӯҳҳои ихтисосҳо, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳо даври асосӣ то 6-уми июл идома меёбад. Довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ синфи 9-ум имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – қисми Б-ро дар даври асосӣ рӯзи 7-уми июл месупоранд.
Ҳамчунин барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум тиб, биология ва варзишро интихобкарда, бинобар аз шумораи ҷойҳои нишасти пешбинишуда дар синфхонаҳо зиёд будани шумораи ин довталабон, имтиҳонҳои қисми А ба тартиби зерин 2 рӯзӣ гузаронида мешавад:
— рӯзи аввал – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, охири рақамҳои назоратияшон тоқ аст ва барои ҳамаи довталабони забони имтиҳонсупориашон русӣ;
— рӯзи дуюм – барои довталабоне, ки забони имтиҳонсупориашон тоҷикӣ буда, охири рақамҳои назоратияшон ҷуфт аст.