Дирӯз, 24-уми апрел, ду нафар бар асари гирифторӣ ба бемории пневмония ё илтиҳоби шуш вафот карданд. Инҳо пизишк Абдуфаттоҳ Солиев ва муҳосиби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Искандар Камолов буданд.
Бино ба иттилои Маркази саломатии маҳаллаи “Якум Советский” Абдуфаттоҳ Солиев, номзади илмҳои тиб, устоди ДМТ, рӯзи душанбе ба беморхонаи мазкур оварда шуда, рӯзи 24-уми апрел зери дастгоҳи нафаскашии сунъӣ баъди вазнинтар шудани саломатиаш вафот кардааст.
Нафари дигар Искандар Камолов мебошад, ки ба қавли наздиконаш нисфирӯзии 24-уми апрел дар ин бемористон вафот кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, ҳатто натавонистаанд Искандар Камоловро пеш аз маргаш бинанд. Искандар Камоловро мустақиман аз беморхона ба қабристон бурда гӯру чӯб кардаанд.
Марги ин ду нафар рӯзи 24-уми апрел миқдори фавтидагон аз пневмонияро ба шаш нафар расонд.