Ёсини 7-сола нимаи дуюми рӯзи 20-уми июни соли равон бар асари шиддати баланди қувваи барқ дар хонаи амааш, дар деҳаи Тезгари ҷамоати Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ, ба ҳалокат расид.
Волидони марҳум дар суҳбат ба “Фараж” гуфтанд, нисбат ба соҳиби хона даъво надоранд, вале мақомот низ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир карда, ҳодисаро пурра таҳқиқ намекунанд.
Онҳо мегӯянд, ҳарчанд мақомот тафтишот гузаронида, баёноти шоҳидонро гирифта бошанд ҳам, вале парванда боз накарданд. “Гуфтанд, ки агар шикоят накунед, наметавонем парванда боз кунем”.
Модари Ёсин Моҳпарӣ Раҷабова иддао мекунад, ки хоҳаршавҳараш Давригул Раҷабова дар хонааш ноқили қувваи барқи дуздӣ дорад ва маҳз ин ноқил сабаби ҳалокати фарзанди ӯ гаштааст. Ба қавли модар, хоҳаршавҳараш се моҳ қабл ба вай гуфтааст, ки ба хотири пешгирӣ амволаш барои дуздон дом дуруст кардааст. Доми ӯ аз ноқиле иборат будааст, ки аз симчӯб ба ҳавлӣ гузаронидааст ва онро шабона дар дастаи зинаҳо пайваст мекунад.
Ин дар ҳолест, ки соҳибхона Давригул Раҷабова иддаои янгааш Моҳпарӣ Раҷабоваро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ гоҳ ба янгааш нагуфтааст, ки барои дуздон ноқили барқ пайваст кардааст, балки гуфтааст, ки камераи назоратӣ насб кардааст.
– Муфаттишон ҳама ҷоро диданд, баёнотамро гирифтанд ва ягон ноқили барқи дуздӣ пайдо накарданд. Ин як тасодуф буд, ягон кас марги одами надикашро намеҳоҳад. Ёсин ҷиянам буд, ӯро мисли бачаи худам дӯст медоштам, – гуфт Д. Раҷабова.
Аз шуъбаи минтақавии милитсияи Рӯдакӣ-2, ки ҳодиса ба ин минтақа алоқаманд аст, аз ироаи ҷузъиёти бештари ҳодиса худдорӣ карданд.
Ин дар ҳолест, ки котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, санҷиши минбаъдаи мавод дар ихтиёри Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад ва тибқи тафтиши ҷои ҳодиса аз кормандони шуъбаи милитсияи Рӯдакӣ-2, ноқили дуздии барқ ёфт нашудааст.
Сухангӯи ВКД гуфт, бо эҳтимоли зиёд ҳодиса ҳамчун “ҳодисаи нохуш” арзёбӣ мешавад ва парванда боз нахоҳад шуд.