Дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон се шахси масъулро барои пешниҳоди омори бардурӯғ ҷарима карданд.
Раиси ноҳия Маҳмадаюб Шарифзода имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ се мансабдор – раиси як ҷамоат, корманди як ҷамоат ва роҳбари дастгоҳи ноҳияро ҷарима карданд
Ӯ аниқ нагуфт, ки ин мансабдорон барои пешниҳоди кадам омор ва ба чӣ қадар маблағ ҷарима шуданд.
Бояд гуфт, ки давоми шаш моҳи соли 2022-ум 174 мансабдор ва дигар шахсони масъули ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро кормандони Раёсати шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар вилоят барои пешниҳод кардани омори бардурӯғ ҷарима карданд. Дар ин бора Ҳакимзода Қурбон зимни нишасти хабарии ниҳодашон иттилоъ дода буд.
Ӯ гуфт, ки шахсони масъул ва мансабдорони ташкилоту идораҳо, ки омори бардурӯғ пешниҳод карданд ба маблағи 70 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима карда шуданд.