Дирӯз дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маҳфили ширушакари муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоир Гулназар Келдӣ баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро дар маҳфил худи шоир оғоз карда, ҳозиринро хушомадед гуфт.
Пас аз суханронии Гулназар ҳунарманди шинохта Хурсандмуроди Зариф аз ашъори шоир сурд хонда, таъби ҳозиринро болида гардонд.
Устод Гулназар Келдӣ бештар шеърҳоеро қироат кард, ки ба қавли худи ӯ, солҳои ҷанги шаҳрвандӣ эҷод шуда буданд.
Маҳфилро садои сарояндаҳои соҳибноме чун Афзалшоҳи Шодӣ, Хосияти Зарафшонӣ ва Раҳматулло Ҳошимов зеботару ҷаззобтар кард.
Мафҳили мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд.
Блоки рекламавӣ
Усто Келди шоири ягнобзабон, ба забони порси хам гох гохе шеьр месаройад.