Сӯхторҳои шадид дар музофоти Лос-Анҷелеси иёлати Калифорниёи ИМА дастикам 25 нафарро куштанд. Дар ин бора рӯзи сешанбеи 14-уми январ бо такя ба мақомоти маҳаллӣ CNN хабар дод.

Ба гуфтаи онҳо, марги 17 нафар ба сӯхтор дар наздикии Пасадена, ҳашт нафар бар асари сӯхтор дар минтақаи Палисадҳои Уқёнуси Ором рабт доранд. Стив Эмбрич, сухангӯи шуъбаи пулиси Лос-Анҷелес ,дар нишасти хабарӣ гуфт, 13 нафари дигар дар ин минтақа бедарак шудаанд, вале ба марги онҳо бовар надоранд. Эмбрич гуфт, полис 14 нафар, аз ҷумла се гумонбар дар сӯхторро дар робита ба сӯхтор дар Палисадҳои Уқёнуси Ором боздошт кардааст. Сабабҳои дигари ҳабс вайрон кардани соати комендантӣ, худро сухторнишон ё афсари полис муаррифӣ кардан, вандализм ва ғоратгарӣ будаанд.

Дар баробари ин мақомоти Лос-Анҷелес аз муваффақият дар мубориза бо сӯхтор хабар доданд. Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, оташсӯзии Палисадҳои Уқёнуси Ором 14 дарсад ва сӯхтор дар наздикии Посадена 33 дарсад таҳти назорат қарор дорад.

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, сӯхторҳои ҷангалии Калифорниёро минтақаи офати табиӣ эълон кард, то кумаки федералӣ ба осебдидагон шуруъ шавад. Муовини сухангӯи Пентагон Сабрина Сингҳ гуфт, ки барои мубориза бо сӯхтор ба Калифорниё нерӯ ва техникаи иловагӣ фиристода мешавад. Ба гуфтаи вай, мубориза бо сӯхтор бо сабаби вазиши шамоли ҳаррӯза сахт аст ва дар чунин шароити обуҳаво бо истифода аз ҳавопаймоҳо хомӯш кардани сӯхтор ғайриимкон аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь