Суди Лондон қарор кард, ки асосгузори WikiLeaks Ҷулиан Ассанҷ бинобар хатари мавҷуда барои ҳаёти ӯ, наметавонад ба ИМА истирдод шавад. Ин тасмимро судяи Суди Магистрати Вестминстер Ванесса Барайтсер эълон кард, хабар медиҳад ТАСС.
Судя ин далелро эътироф кард, ки Ассанҷ гирифтори аутизм ва депрессияи клиникӣ аст ва инчунин ба худкушӣ моил аст. Ба гуфтаи вай, вазъи ӯ метавонад дар натиҷаи нигаҳдорӣ дар камераи яккаса дар Иёлоти Муттаҳида шадидан бадтар шавад. Вай инчунин “қобилияти кофии зеҳнӣ” дорад, то имконе барои даст ба худкушӣ задан пайдо кунад. Ба ҳамин далел, барои радди истирдоди хатаре, ки ба ҳаёти гумонбаршуда таҳдид мекунад, асос мебошад.
“Ман мутмаинам, ки дар ин шароити душвор саломатии рӯҳии ҷаноби Ассанҷ бадтар хоҳад шуд, ки дар натиҷа вай бо иқдомеоте, ки хоси бемории аутизм аст, худкушӣ мекунад”, – қайд шудааст дар қарори суд. Ҳамзамон таъкид мешавад, ки истирдоди Ассанҷ ба ИМА бо назардошти “вазъи рӯҳии ӯ” ғайриқонунӣ хоҳад буд.
Ассанҷи 49-сола қаблан ба умеди пешгирӣ аз истирдод ба Шветсия, ки дар онҷо ба таҷовуз ба номус, инчунин таъқиб ва маҷбурӣ ба амали ҷинсӣ айбдор мешуд, аз намояндагии дипломатии Эквадор паноҳгоҳ гирифта буд. Аммо, 11 апрели соли 2019, эквадорҳо додани паноҳандагиро ба фирории машҳур қатъ карданд ва ӯ аз ҷониби мақомоти Бритониё дар сафорати Эквадор дар Лондон, ки аз соли 2012 инҷониб дар он ҷо паноҳ оварда буд, боздошт шуд.
Прокуратураи ИМА ӯро дар сӯиқасд ба рахна кардани компютерҳои давлатӣ ва нақзи қонуни ҷосусӣ дар робита бо ифшои маълумоти махфӣ дар портали Викиликс дар солҳои 2010-2011 айбдор мекунад. Хадамоти разведкаи ИМА бар ин боваранд, ки Русия дар ин ҳамлаи хакерӣ даст дорад. Ассанҷ ҳама гуна иртибот бо Кремлро рад мекунад. Дар ИМА, ба муассиси WikiLeaks шояд барои ҷиноятҳои эҳтимолӣ 175 соли зиндон таҳдид кунад.