Дар деҳаи Тоҷирон (собиқ Ботуробод)-и ҷамоати Гулистони шаҳри Левакант сохтмони як муассисаи таълимӣ барои беша аз 1000 хонанда соли 1985  аз ҷониби хоҷагии Карл Маркс оғоз шудаву бо гузашти 37 сол нотамом боқӣ монда, ҳоло ҷойи чарои чорво ва партовгоҳ шудааст.

Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Левакант Мансур Юсупов дар суҳбат ба “Фараж“ гуфт, ки дар деҳаи Тоҷирони шаҳр  сохтмони як муассисаи таълимӣ барои 1176 хонанда соли 1985-ум, яъне 37 сол пеш, аз ҷонии хоҷагии Карл Маркси ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Кӯшониён) оғоз шудаву қисмати асосиаш бунёд шуда, ҳоло нотамом боқӣ мондааст.

Ба гуфти ӯ барои бунёди ин мактаб ба сафорарти Ҷопон муроҷиат кардаанд,  вале онҳо бо сабаби зиёд будани мабағи сохтмон ба уҳда нагирифтаанд.

– Соли 2017-ум ҳамчунин  сафири Арабистони Саудӣ омада аз ин мактаби нотамом дидан кард ва акс гирифта ваъда доданд, ки мактабро месозанд, аммо бо гузашти 6 сол аз онҳо хабаре нест, – илова кард мавсуф.

– Барои бунёди ин мактаб 13 миллион сомонӣ маблағ лозим аст, ки онро ҳукумати шаҳри Левакант надорад.  Барои идомаи сохтмони мактаб мо ба ҳама ҷой, ҳатто ба Вазорати маорифи кишвар муроҷиат кардем, – гуфт ин шахси масъул ва илова кард, ки  аз соли 2008-ум ин мактабро ба Вазорати маориф супоридаанд.

Ниёзалӣ Ашуров, мудри бахши маорифи шаҳри Левакант, тасдиқ кард, ки дар деҳаи Тоҷирони ҷамаоти деҳоти Гулистон сохтмони муассисаи нотамом вуҷуд дорад.  Ӯ гуфт, сохтмони мактаб на солҳои 1985, балки охири солҳои 1980-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта аз тарафи Калхозстрой оғоз шуда, баъдан сохтмони он бо сабабҳои номаълум қатъ гардидааст.

– Ман дар бораи лоиҳаи мактаби нотамом чизро намедонам,  танҳо соли 2020-юм, ки ба вазифаи мудири бахши маорифи шаҳр таъин гардидам, огоҳ шудам, ки бояд мактаби нотаморо Арабистони Саудӣ бунёд  кунад.  Баъдан ба сафроартхонаи онҳо муроҷиат карда аз оғози сохтмони матктаб пурсон шудам, онҳо бемории коронавирусро сабаб оварданд, ки маблағгузорӣ қатъ шудасту сохтмон карада наметавонанд, – илова кард мудири  бахши маорифи шаҳр ва гуфт, ки бори дуюм аз номи ҳукумати шаҳр ба сафоратхонаи Арабистони Саудӣ мактуб кардаанд, мутаассифона, ҷавоб нагирифтаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз вазъи мактаби нотамои шаҳри Левакант  Вазорати мориф ва собиқ вазири маориф огоҳ буд ва ҳатто онро дидаву ваъда карда буд, ки бо  пайдо шудани грантҳои хориҷӣ мактабро бунёд мекунанд.

– Ҳоло ба вазири нави маорифи кишвар  аз вазъи мактаби “ях баста” ки 37 сол боз сохтмонаш нотамом боқӣ мондаасст,хабар надодем, аммо рӯзҳои наздик мактуби расмӣ мекунем, – афзуд Ниёзалӣ Ашуров.

Айни замон дохили мактаби нотамоми шаҳри Левакант пур аз партов буда, ҷойи чарои чорвои сокинони деҳаи Тоҷирон шудааст. Мудири маориф гуфт, борҳо бо омӯзгорон партовҳои он ҷоро тоза кардаанд, аммо масъулони ҷамаоти Гулистони  шаҳр корбарӣ намекунанд, дар ҳоле ки ин мактаб аз назди бинои ҷамоат ҳамагӣ  200 метр дур аст.

Дар мактаби нотамом  ва ҷойи чарои чорво шудани саҳни он хостем бо раиси ҷамоти Гулистони шаҳри Левакант Ҳакимзода Сафаралӣ суҳбат кунем, мутаассифона, ӯ бо лаҳни тунд гуфт, суҳбат кардан намехоҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь