Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон қарзи андоз аз ҷониби ташкилоту идораҳо  31 миллиону 402 ҳазор сомониро ташкл медиҳад, ки аз он 28 миллиону 939 ҳазор сомониаш қарзҳои мушкилситонанд.

Мутахассиси бахши ситонидани қарзи андозҳои Нозироти андози шаҳри Левакант Шералӣ Бекмирзоев иттилоъ дод, ки ба якуми апрели соли ҷорӣ дар шаҳр бақияи қарзи андоз 2 миллиону 463 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисибати аввали сол 130 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

– Аслан қарз аз ҳисоби корхонаҳое мебошад, ки амволашон дар шаҳр мебошаду худашон тамоман фаъолият надоранд, – гуфт ӯ ва афзуд, ки масалан ҶДММ “Хишти Беҳзод”, ҶДММ “Хонасоз”, ҶДММ “Ховар”, ҶДДМ“Раҳмат” аз ин гунаанд.

– Барои баргардондани қарзҳо мо тариқи хаттӣ ва шифоҳӣ ба ҳукумтаи шаҳри Левакант  ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  муроҷиат кардем, аммо  бо сабаби фаъолият накардани корхонаҳо ва ё дар маҳбас будани соҳибмулоконашон наметавонем маблағи қарзро ситонем, – илова кард манбаъ.

Бекмирзоев Шералӣ бо нигаронӣ гуфт, ки ба ҷуз бақияи қарзи андоз дар шаҳри Левакант қарзҳои мушкилситон 28 миллиону 939 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, ки аз он 15 миллионаш фоизи қарзҳост.

Ӯ афзуд, ки қарзи мушкилситон бештар аз  ҶСП “Тоҷиказот”  беш аз 7 миллиону  300 ҳазор сомонӣ,  “Ховар” 3 миллиону 890 ҳазор ва ба ин монанд КИ “Гулистон”ва  “Дилшоди Афғон” мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь