Дар 4 моҳи соли 2019-ум дар шаҳри Леваканд 23 оила ақди никоҳи худро бекор карданд, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта ду баробар зиёд аст.

– Аз  23 оилиаи ҷудошуда 14 ҳолати он бо ҳалномаи суд бекор карда шудааст, ки баъди он 14 кӯдак дао тарбия модар мондаанд, – гуфт мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Леваканд Лутфия Соҳибназарова.

– Омилҳои ҷудошавии оилаҳо бефарзандӣ, дахолати волидон ба ҳаёти шахсии навхонадорон, ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустақил ва аз ҳамаи асосӣ муҳоҷирати меҳнатӣ ва гирифтани шаҳрвандии давлати Русия мебошад, ки боиси нигаронист, – илова кард Лутфия Соҳибназарова.

Манбаъ аз он изҳори хушнудӣ кард, ки аз тарафи кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр баҳри пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо суҳбату вохӯриҳо тариқи хона ба хона гаштану мардумро огоҳ намудан ба роҳ монда шудааст.

– Ин кор натиҷаи хуб дод, зеро дар моҳи май аллакай ду оила, ки бояд ҷудо мешуданд, барқарор карда шудаанд, – афзуд мудири бахш.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь