Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров дар як мақолаи худ бахшида ба 25-умин солгарди муносибатҳои дипломатӣ миёни Федератсияи Русия ва давлатҳои минтақа навиштааст, ки дар шаҳрҳои калони Тоҷикистон 5 муассисаи таълимӣ бо забони русӣ кушода мешавад.
– Дар асоси қарордоди Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқаи президентҳои ду кишвар дар моҳи августи соли ҷорӣ, аз минтақаҳои гуногуни Русия 28 нафар омӯзгор барои таълиму тадриси хонандагон ба мактабҳои Тоҷикистон рафтанд, 60 ҳазор китобҳои дарсӣ бо забони русӣ фиристода шуданд. Дар Маскав масъалаи бунёди 5 муассисаи таълимӣ дар шаҳрои калони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад, – навиштааст Сергей Лавров дар матлабаш.
Блоки рекламавӣ