Ҳама инсон метавонад бемор шавад. Бемор шудан аз хостан ё нахостани мо вобаста нест. Бемориҳои сироятӣ, новобаста аз кӣ будани инсон, метавонад ба ҳар кас сироят кунад, Бемории сил низ бемории гузаранда аст ва он метавонад аз шахсони бемор ба атрофиён сироят ёбад.
Табибон мегӯянд, ки бемории сил дар баробари сироятӣ будан табобатшаванда ҳам ҳаст. Танҳо табобати саривақтӣ метавонад шахсро аз чанги ин беморӣ наҷот диҳад.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода соли ҷорӣ дар нишасти хабарияш ба рӯзноманигорон иброз дошт, ки ҳарчӣ бештар дарёфт кардани шахсони гирифтори бемории сил ва ба табобат фаро гирифтани онҳо ба манфиати кор мебошад.
Дар Тоҷикистон табобати бемории сил пурра ройгон аст. Танҳо беморонро мебояд, ки бемориро пинҳон надошта, хавфи онро ба дигарон низ зиёд накунанд. Пинҳон доштани ҳама гуна беморӣ ҳеҷ вақт ба фоидаи касе нест.
Сокинон ва шахсоне, ки дар бораи бемории сил маълумоти дуруст доранд метавонанд, беморонро барои табобат ташвиқ кунанд. Ба хешону наздикони гирифтори бемории сил фаҳмонанд, ки он пурра табобатшаванда аст.
Саодат Исмоилӣ,
узви Гуруҳи коршиноси эҷодии Ассотсиатсияи ҳамкории пешгирии бемории сил