Роҳбарияти КВД “Тоҷиксуғурта” мегӯянд, ки пас аз ба ихтиёри сохтори Бонки миллии Тоҷикистон вогузор гардидани хадамоти давлатии назорати суғурта, фаъолияти “Тоҷиксуғурта” беҳтар гардидааст.

Ба андешаи муовини Директори генералии КВД “”Тоҷиксуғурта” Абдулло Абдуллоев, дар давраи то ба Бонки миллӣ гузаштани хадамоти назорати давлатии суғурта санадҳои меъёрию ҳуқуқии мавҷуда ба талаботи замон ҷавобгӯ набудааст.

– Аз 1-уми январи соли 2017 бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон хадамоти давлатии назорати суғурта аз сохтори Вазорати молияи кишвар ба сохтори Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шуд. Баъди ба ин ниҳод вогузор шудани назорати хадамоти мазкур санадҳои танзимкунандаи бозори суғурта рӯ ба беҳбудӣ овард. Аз ҷумла қонун дар бораи суғуртаи масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаи нақлиёт аз нав таҳия гардид ва пас аз ба имзо расиданаш аз ҷониби Роҳбари давлат, бовар дорам, бозори суғуртаи Тоҷикистонро боз ҳам рушд медиҳад,- гуфт Абдуллоев дар нишасти матбуотии КВД “Тоҷиксуғурта”.

Масъулини “Тоҷиксуғурта” гуфтанд, ки дар шаш моҳи соли равон ба 5 439 нафар зарардида ба маблағи 2 миллиону 422,2 ҳазор ҷуброни суғуртавӣ пардохт кардаанд, ки 17,4 дарсади маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгаштаро ташкил додааст.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар нимсола корхона бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ 301 689 адад шартномаҳои суғуртавиро ба маблағи умумии 13,9 миллион сомонӣ ба имзо расонидааст. Нақшаи воридоти ҳаққи суғуртавӣ аз рӯи ҳама намудҳои суғурта барои нимсолаи дуюм 15,8 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.

Бино ба иттилои роҳбарияти КВД “Тоҷиксуғурта”, корхона дорои 62 филиал ва 6 намояндагӣ дар миқёси мамлакат буда, аз рӯи 22 намуди суғурта, ки аз он 13-тояш намуди суғуртаи ҳатмӣ мебошанд, фаъолиятро ба роҳ мондааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь