Имрӯз дар нишасти матбуотӣ Абдуллоев Абдулло – муовини якуми Директори генералии КВД “Тоҷиксуғурта” зикр намуд, ки хона амволи шахсии шаҳрванд ба ҳисоб рафта, суғурта кардани он ихтиёрӣ аст.

Ба гуфтаи Абдуллоев Абдулло, суғуртаи молу амволи шаҳрвандон ихтиёрӣ амалӣ карда мешавад. Ба суғуртаи ихтиёрӣ дохил мешаванд: суғуртаи ҳаёт, суғуртаи ҳолатҳои нохуш, беморӣ, тиббӣ, тиббии сайёҳон, молу ашёи шахсони воқеӣ, суғуртаи ҷавобгарии шаҳрвандон, суғуртаи воситаҳои нақлиёт ва хонаҳои истиқоматӣ.

– Умуман, суғуртаҳои ихтиёрӣ ягон маҳдудият надоранд,- афзуд ӯ.

Муовини аввали Директори генералӣ қайд намуд, ки суғуртаи ҳатмӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Ба суғуртаи ҳатмӣ аз ҷумла ҳодисаҳои нохуши шаҳрвандоне, ки дар корхонаҳои ба саломатиашон зарардошта фаъолият мебаранд, суғуртаҳои муассисаҳои кишоварзӣ ва сӯхтор дохил мешаванд.

Имрӯз КВД “Тоҷиксуғурта” дорои 62 филиал ва 6 намояндагӣ дар вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, хизматрасониро аз рӯи 22 намуди суғурта, аз он ҷумла 13 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуди суғуртаи ихтиёрӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, 27 ҳазору 860 адад шартномаи шакли ҳатмии суғурта ва 273 ҳазору 829 адад шартномаҳои шакли ихтиёрии суғурта баста шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь