Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта” соли 2019  ба 5 ҳазору 961 нафар суғурташуда ба маблағи 5,1 миллион сомонӣ ҷуброн пардохт кардааст. Аз маблағи умумии ба суғурта воридшуда, беш аз 11,2 миллион сомонӣ ба намудҳои ҳатмӣ ва 21,4 миллион сомонӣ ба намудҳои ихтиёрии суғурта тааллуқ доранд.

Ин нишондодро директори КВД “Тоҷиксуғурта” Мақсудзода Шуҳрат дар нишасти матбуотӣ, ки субҳи 3-юми феврал доир гардид, расонаӣ кард.

Мақсудзода Шуҳрат аз сатҳу сифати аъзошавии аҳолӣ ба суғуртаи манзил изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки иддае аз аҳолӣ то ҳанӯз аз моҳияти аъзогӣ ба суғурта дониши кофӣ надоранд.

– Дар давраи ҳисоботӣ корхона ба буҷаи ҷуҳурӣ беш аз 9,4 миллион сомонӣ маблағ ворид кардааст, – гуфт Мақсудзода Шуҳрат.

Дар мавриди нафароне, ки  ба тариқи ҳатмӣ ба суғуртаи иҷтимоӣ ворид шудаанду дар давоми сол ба маблағи пардохтнамудаашон ниёзе пайдо накардаанд, Мақсудзода баён дошт, ки 70 дарсади ин маблағ ба соҳибонаш баргардонида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь