Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз се ҷинояти куштор дар ҷумҳурӣ хабар дод, ки онро ду мард ва як зан анҷом додаанд. Дар ин кушторҳо, ки баъди баҳсу даъво ба амал омадаанд, ҷинояткорон бо корд ба қурбонии худ ҳамла кардаанд. Мутаассифона, даъвогарон – қотилону мақтулон – бо ҳам муносибати хешӣ ва ошноӣ доштаанд.
Кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир кардаанд. Номбурда, рӯзи 20-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 20:00, собиқ ҳамсараш, зани 23-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ба заминҳои корами деҳаи Яккатути ҳамин ноҳия бурда, бо корди дар дасташ буда якчанд маротиба ба узвҳои баданаш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Як марди 44-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе низ бо иттиҳоми куштор дастгир карда шудааст. Вай шаби 20 ба 21-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 01:30, дар кӯчаи Фирдавсӣ бо шиносаш, марди 77-солаи сокини пойтахт, муноқиша карда, бо корди дар дасташ буда, 4 маротиба ба узвҳои бадани ӯ задааст. Дар натиҷа марди 77-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Хушдомане дар муноқишаи оилавӣ аз дасти зани 28-солаи сокини шаҳри Хуҷанд кушта шудааст. Кормандони милитсия зани қотилро бо ҷурми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир кардаанд. Номбурда, 21-уми ноябри соли 2017, тахминан соати 08:30, дар ҳавлии истиқоматиаш бо хушдоманаш, зани 54-солаи сокини шаҳри мазкур даъво карда, бо корди хоҷагӣ 3 маротиба ба қисми рости қафаси синаи ӯ задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.