5-уми августи соли равон баъд аз нисфирӯзӣ дар пайи як муноқиша Зокирзода Муҳаммадҷовид аз ҷониби ҳамсинфи худ Раҳимов Саидаҳмад ба ҳалокат расонида шуд. Дар ин бора Некрӯз Зокирзода,  бародари марҳум, ба “Фараж” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ муноқиша бар сари қарзи Раҳимов аз бародараш сар задааст.

“Бародарам аз Раҳимов мехоҳад, ки қарзашро баргардонад. Ӯ бародамро фиреб карда, ба наздикии бозори “Корвон” мебарад ва дар ҳамон ҷо бо зарби 16 корд ба ҳалокат мерасонад”, – мегӯяд Некрӯз.

Тавре наздикони марҳум гуфтанд, гумонбаршуда аз Муҳаммадҷовид ба миқдори 20 ҳазор сомонӣ қарздор будааст.

Муҳаммадҷовид Зокирзода 23-сола буда, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб буд. Марҳум бо гумонбаршуда Раҳимов Саидаҳмад ҳамсинф будаанд.

Раҳимов Саидаҳмад, гумонбар ба қатли Муҳаммадҷовид, сокини шаҳри Душанбе буда, писари ҷаҳонпаҳлавон Саймумин Раҳимов будааст. Ӯ бо марҳум дар литсейи 53-и шаҳри Душанбе таҳсил кардаанд.

Новобаста аз он ки Раҳимов баъди ҳодисаи мазкур аз ҷониби милиса дастгир шудааст, наздикону пайвандони Муҳаммадҷовид мегӯянд, бо гузашти 10 рӯз аз марги бародарашон, пайвандони гумонбаршуда ҳадди ақал барои изҳори ҳамдардӣ ба хонаи онҳо наомадаанд.

Дар акс Зокирзода Муҳаммадҷовид

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь