Даъвои ду нафар, ки дар сари мастӣ, баъд аз нӯшидани машрубот ба амал омад, боис шуд, ки як нафари онҳо ба ҳалокат расад. Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз кушта шудани як нафар сокини 52-солаи шаҳри Панҷакент хабар дод.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 43-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда, рӯзи 14-уми декабри соли 2018, тахминан соати 15:30, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамроҳии марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол карда, тахминан соати 21:00 даъво роҳ андохта, ҷангу ҷанҷол кардаанд. Дар рафти муноқиша нафари 52-сола аз тирезаи айвони ҳамин хона, ки дар ошёнаи 4-ум мебошад, ба замин афтидаааст. Дар натиҷаки ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати нафари гумонбар парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудаааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь